Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ

АБУМУСЛИМИ ХУРОСОНӢ (719 ё 723, тахминан Бушанҷи Ҳирот ё Исфаҳон – 755, Мадоин), сарвари шӯриши зидди Умавиён, баъдан фар- монфармои Хуросон. Ном вакунияи Абумуслими Хуросонӣ аввал Абуисҳоқ Иброҳим ибни Ҳайкон (ё Бухтагон) буда, сипас номашро ба Абдурраҳмон ибни Муслим ва кунияашро ба Абумуслими Хуросонӣ иваз намуд. Мутобиқи ҳаққоқии сиккаҳои давраш номи расмиаш «Абдурраҳмон ибни Муслим» будааст. Абумуслими Хуросонӣ эрониюласл ва аз маволиёни Хуросон будааст. Ӯ аввал ғуломи фарде ба номи Абумусои Сарроҷ буд ва баъди аз Исфаҳон ба Куфа рафтани соҳибаш ҳамроҳи ӯ он ҷо рафт. Дар Куфа ҷунбишҳои зидди Умавиён фаъол буданд ва Абумуслими Хуросонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо яке аз гурӯҳҳои исёнталаб зиндонӣ мешавад. Баъ­ди раҳоӣ аз зиндон шахсе бо номи Абусалама соли 744 Абумуслими Хуросониро ба Хуро­сон оварда ҳамроҳаш махфиёна мар- думро муқобили хилофати Умавиён даъват мекард. Мардуми сершуморе ба ӯ гаравиданд.

Абумуслими Хуросонӣ ва тарафдоронаш либоси сиёҳ ба тан пӯшиданд ва шӯришашон дар таърих бо номи «киёми сияҳҷомагон» машҳур гардид. Дар муддати кӯтоҳ Абумуслими Хуросонӣ  Хуросонро комилан зери назорати худ қарор дод ва тарафдорони сипоҳиёнашро ба шаҳрҳои гирду атроф мефиристод. Абумуслими Хуросонӣ  пас аз тасарруфи Хуро­сон бо сипоҳаш аз Даҷла убур кар­да ба худуди Ироқ ворид шуд. Аҳли Куфа Абумуслими Хуросонӣ  ва сиёҳҷомагонро хуш истиқбол намуданд. Охирин набарди Абумуслими Хуросонӣ  бо лашкари Умавӣ соли 749 дар ҳаволии шаҳри Мавсили Ироқ рух дод ва Умавиён шикаст хӯрданд.

Сипоҳсолоре бо номи Абдумалик ибни Язиди Хуросонӣ бо фармони Абумуслими Хуросонӣ  ин ноҳияро ба даст гирифт. Хи­лофати Умавиён ба тавассути хуросониён фурӯ рехт ва ба дасти онон давлати нави Аббосиён бунёд гардид. Охирин намояндаи хонадони умавӣ халифа Марвон ба Миср гурехт ва оқибат соли 750 ба дасти хуросониён дар шаҳри Бусири Миср ба қатл расид. ас аз пирӯзиҳои пайиҳам Абумуслими Хуросонӣ  саъй кард, ки ҳукумати хешро дар сарзаминҳои шарқии хилофат ҳам устувор намояд. Бо ин мақсад ӯ муқобили ҳар навъ неруи низомӣ ва иҷтимоӣ, ки дар назараш сабаби эҷоди ташаннуҷ дар кишвар мегардид, ҷанги беамон эълон намуд. Ба андешаву назари ӯ ҳама гуна эътирози зидди араб маънои зидди истиқрори ҳукумати Аббо- сиёнро низ дошт. Аз ин рӯ ба тамоми саркардагон ҳидоят дода шуд, ки ҳамаи дастаҳо, гурӯҳҳо ва хушбинҳои шӯришгарро бераҳмона нест кунанд, зеро дар ҳамин давраҳо таҳти таъсири шӯришҳои ироқиён арабҳои муқими Бухоро ва мардуми маҳаллӣ бо сарварии Шарик ибни Меҳрӣ (750) муқобили амирони навтаъйиншуда қиём карда буданд. Зиёд ибни Солеҳи Хазоӣ соли 751 бо ҳамроҳии Қутайба ибни Туғшода ва Бухорхудот шӯришгаронро нест карда, Бухороро оташ заданд.

Ҳамин тавр қиёмхои деҳқонони мулкҳои Чочу Фарғона ва Хутталу Кеш низ саркӯб шуданд. Обрӯву эътибори Абумуслим дар байни аксари акшори ҷомеа рӯзафзун боло мерафт. Ҳукуматдорони марказ аз ин вазъу ҳолат ба ташвиш афтоданд ва соли 755 халифа Мансур Абумуслими Хуросониро ба дар- бораш даъват карда ба қатл расонд. Пас аз қатли Абумуслими Хуросонӣ бархе аз сардорон ва тарафдоронаш ба хидмати хали­фа Мансур қамар бастанд ва иддаи содиқи Абумуслими Хуросонӣ аз ин хиёнати халифа мутаассир шуда ба оҳанги хунхоҳӣ ба Хуросон баргаштанд.

Абумуслими Хуросонӣ на танхо як фарди низомӣ, сипоҳсолори варзида, балки шахси фарҳангдӯст ва аз илму адаб хуб огоҳе будааст. Забони арабию форсиро батакмил медонистааст ва ҳатто ба ин ҳарду забон ҳам шеър эҷод карда будааст. Таърихнигорон ӯро амири ғамхор ва ободга- ри Хуросон тавсиф кардаанд. Чунончӣ эъмори масҷиди ҷомеи Нишопур, масҷиду бозоре дар Марв ва девору бурҷҳои гирдогирди Самарқандро ба ӯ нисбат медиҳанд. Ба таъйиди В. В. Бартолд мардуми Самарқанд таъсисоти оби шаҳрашонро ба номи Абумуслими Хуросонӣ марбут медонанд ва ҳанӯз ҳам яке аз наҳрҳои бузурги он ҷоро «Коми Абумуслим» меноманд. Мардуми Хуро­сон Абумуслими Хуросониро то ҳаде азизу мӯътабар донистаанд, ки ӯро бар достонҳои ҳамосӣ, мазҳабӣ, қиссаҳо ва мадҳияву марсияҳо васф кардаанд, ки яке аз машҳуртаринашон «Абумуслимнома» аст.

Адабиёт: Арабский аноним XI века. Издание тек­ста, перевод. Введение в изучение памятника и комментарий П. А. Грязневича, Москва, 1960; Бар­толд В. В., Абу Муслим. //Бартолд В. В. Со­чинения. том 7, Москва, 1967; Большаков О., Абу Муслим. Ислам. Энциклопедический словарь, Москва, 1991; Бойматов Л. Д., Абу Муслим, Душанбе. 2006.            Л. Бойматов,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …