Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУМАНСУРИ МУВАФФАҚ

АБУМАНСУРИ МУВАФФАҚ

АБУМАНСУРИ МУВАФФАҚ иб­ни Алии Ҳиравӣ, табиб ва дорушиноси тоҷик (асри 11). Ном ва таълифо­ти Абумансури Муваффақро ҳеҷ як аз соҳибони осори асримиёнагӣ зикр накардаанд. Ягона маъхазе, ки аз он метавон лаҳзаҳои ҳаёти Абумансури Муваффақро арзёбӣ кард, асари ӯ «Ал-Абния ан хақоиқ-ил-адвия» аст. Он аз хусуси адвияи муфрада ва хасоиси онҳо баҳс мекунад.

Абумансури Муваффақ худ дар муқаддимаи китоб навиш­тааст, ки расоили ҳакимони пешин ва олимону табибонро ҷустуҷӯ кар­да, «дар адвияву ағзияи муфрад ва… кирдори ҳар доруе ва манфиатҳову мазарратхояш» ба тааммул нигариста, аз Буқрот, Ҷолинус, Дисқуридус, Ибни Раббани Табарӣ, Хусайн ибни Исҳоқ, Собит ибни Қурра, Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, Синон ибни Со­бит ва Мусо ибни Синон нақли қавл кардааст». Асар соли 1056 таълиф ёфтааст.

Муаллиф дар он 585 навъи доруворро мавриди тадқиқ қарор додааст. Абумансури Муваффақ дар фаъолияти хеш шеваи кори пизишкони ҳинди ва назариёти онҳоро бештар меписандидааст, зеро, ба ибораи худи вай, «дору он ҷо бештар аст ва ақоқир он ҷо тезтару хуштар ва ҳиммати он мардумон ба истиқсо андар ҳикмат болиғтар аст».

Адабиёт: Абумансур Муваффақи Ҳиравӣ, Ал-Абния ан-ҳақоиқ-ил-адвия. Ба кӯшиши Аҳмада Баҳманёр ва Ҳусайни Маҳбуби Ардаконӣ, Тошкент, 1346; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ  ҷили 6. Тошкент. 1373; Д е ҳ х у д о, Луғатнома, ҷилди 45, Тошкент, 4352; М у и н, Фарҳанги форсӣ, ҷилдҳои 5 – б, Тошкент, 1375.           А. Ҳасанов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …