Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ

АБУЛҲАСАН НОДИРУЗЗАМОНИ ҶАҲОНГИРӢ (таваллуд 1588/89, Деҳӣ- вафот номаълум), мусаввир ва хаттоти эронӣ. Мулаққаб ба Нодируззамон. Писари мусаввир Око Ризо, ки аз Эрон ба Ҳиндустон кӯчидааст. Ӯ ҳунари хушнависӣ ва мусаввириро аз падараш омӯхта, дар синни 17-солагиаш чун мусаввиру хаттот шӯҳрат ёфтааст.

Хати настаълиқро зебо менавишт. Яке аз мусаввирон ва муқаррабони шоҳ Ҷаҳонгир буд. То замони мо теъдоде аз мусаввара ва минётураҳои Абулҳасан боқӣ мондаанд, ки аз маҳорати баланди ӯ шаҳодат медиҳанд. Яке аз аввалин асарҳои Абулҳасан ба маросими тоҳгузории шоҳ Ҷаҳонгир (1614 – 15 дар Агра кашида шудааст) бахшида шудааст. Дар ин мусаввара симои амалдорони дарбор, тоҷирон, меҳмонони хориҷӣ, ҳунармандон, ходимон бисёр ҷаззоб ва ҳунармандона тасвир шудаанд.

Зери ин тасвир чаҳор мисраъ шеър бахшида ба салтанати шоҳ бо хати зебои настаълиқ сабт ёфтааст. Мусаввараи дигари Абулҳасан «Асафхон» (Мирзо Абулҳасан, аз амаддорони калон, падари Мумтоз Маҳал (нигаред Тоҷмаҳал) ва падарарӯси Ҷаҳонгир) ном дорад, ки бо назокати тасвир ва хат хеле ҷолиб аст. Минётураҳои «Шоҳ», «Диалектика» (бар ҳаккоқии рассоми европоӣ И. Заделер), «Савора ва мири шикор» (ҳар се охири асри 16-ибтидои асри 17, нусхаи мусаввараи охирин ҳам дар Музейи Британия маҳфуз аст) ва ғайра бо таносуби рангҳо ва зебоию нафосат бозёфти тозае дар санъати минётуранигорӣ мебошанд.

Ҳунари Абулҳасан дар офаридани образ ва тасвири манзараҳои табиат (кӯҳҳо, дарёҳо, дашту биёбонҳо, абрхо, боғу гулистон, дарахтон ва ғайра) бо равишу сабки хос аз мусаввирони замонаш фарк мекунад.

Дар эҷодиёти Абулҳасан сабку услуби минётуранигории Эрону Ҳинд, инчунин таъсири санъати тасвирии Европа мушоҳида мегардад. Теъдоде аз осо- ри Абулҳасан дар китобхонаҳо ва ганҷинаҳои Санкт-Петербург, Ромпур, Лондон ва ғайра маҳфузанд.

Л. Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …