Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ

АБУЛҲАСАНИ ПУШАНГӢ Алӣ ибни Аҳмад ибни Саҳл (сол ва ҷои таваллуд  номаълум – 959, Нишопур), ориф ва зоҳиди Хуросон. Аз аҳли Пушангӣ Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишо­пур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар Нишо­пур аз Абуусмони Хайрӣ илми ҳадис омӯхт.

Абулҳасани Пушангӣ дар илми тавҳиду муомилот аз машоихи бузурги замони худ маҳсуб мешуд ва дар футувват ном бароварда буд. Дастгирии мустамандонро ба худ воҷиб медонист. Ҳангоми дар Ироқ буданаш ӯро ба илҳод муттаҳам карданд. Сабаби он дақиқан маълум нест. Хоҷа Ансорӣ дар ин маврид гуфта, ки «магар дар ақида вайро хилале буда ва ё хатое дар сухан карда.» Баъди баргаштан аз Ироқ дар Нишопур хонақоҳе барпо карда, дар он ба ибодату риёзат машғул шуд ва аз мардум канорагирӣ кард. Дар мазори Ҳамдуни Кассор мадфум аст. Аз Абулҳасани Пушангӣ таълифоте боқӣ намондааст.

Адабиёт.: Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷилди 5, Тошкент, 1383.      М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …