Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАСАНИ ОҒОҶӢ

АБУЛҲАСАНИ ОҒОҶӢ

АБУЛҲАСАНИ ОҒОҶӢ Алӣ ибни Илёс, маъруф ба Огоҷӣ ё Агаҷӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс- тоҷик (асри 10). Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар зодгоҳаш Бухоро гузаштаасг. Баъди дар илму дониш ва шоирӣ шӯҳрат ёфтан, ӯро соли 977 ба  дарбори шоҳи сомонӣ – Нӯҳ ибни  Мансур (ҳукмронии 976 – 997) даъват на-муданд. Абулҳасани Оғоҷӣ ба забони арабӣ ва форсӣ-тоҷикӣ шеър эҷод мекард.

Муаллифи тазкираи «Ятимат-уд-даҳр» Абумансури Саолибӣ қайд мекунад, ки Абулҳасани Оғоҷӣ аз шоирони соҳибдевон буда, девони ашъораш дар Хуросон машҳур аст. Мутаассифона, девони ашъори ӯ то ҳбл дастрас нагардидааст. Аз мероси адабии ӯ имрӯз 39 байт дарёфт шудааст. Шоир дар абёти парокандаи худ аз носозгории замон, қадру қимат надоштани аҳли илму ҳунар шикоят кардааст. Абёти зерин аз ӯст:

Туро фазилат бар хештан тавонам дид.

Валек фазлат – номардумисту бехирадӣ.

*****

Дар гили ғурбат зи по башлиданам,

Нест мумкин рӯи ёрон диданам.

*****

Тар аст замин зи дидагони ман,

Чун пой биниҳам – ҳаме фурӯ лағзам.

Адабиёт: Заҳрои Хонларй, Рохнамои адабиёти форсӣ, Тошкент, 1340 ҳиҷрии шамсӣ; Ашьори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе. 2007..            У. Таиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …