АБУЛБАШАР, Булбашар, дар асотири мусулмонон нахустин одам, ки аввалин кадхудои ҷаҳон ба шумор меравад. Муаллифи «Фарқ байн-ал- фирақ» Абдулқоҳири Бағдодӣ силсилаи тамоми пайғамбаронро аз 313 нафар иборат медонад, ки аввалини онҳо Абулбашар ва охиринашон Муҳаммад (с) аст. «Инсони қадим»-и Монӣ, «Одами кадмун»-и яҳудиён, «Ахнух»-и иброниён ва «Мардук»-и бобулиён низ Абулбашарро ифода мекунад. Нигаред низ Одаму Ҳавво.