Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон

АБУЛЪАЛОИ МААРРЙ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон (973, Маарра, Сурия – 1057), шоир ва файласуфи араб. Дар 4-солагӣ бар асари бемории обила нобино шуд. Аз 11-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. Дар назди падараш ва донишмандони дигар он замон илмҳои наҳву луғат, фиқҳ, таърих, фалсафа, калом, адёни ҷаҳон, ҳисобу нуҷум ва фирқаҳои исломиро омӯхт. Дар 15-солагӣ бо мақсади омӯзиши илмҳо ва андӯхтани таҷриба ба шаҳрҳои Ҳалаб, Троблус, Лозақия, Санъо ва Бағдод сафар кард. Дар муддати як солу нӯҳ моҳи зиндагиаш дар Бағдод, Абулъалои Мааррӣ чун шоири боистеъдоду тавоно шӯҳрат ёфт. Вале вай маҷбур шуд Бағдодро тарк намуда ба ватанаш баргардад.

Яке аз сабабҳои Бағдодро тарк карданаш шеърҳои ӯ буданд, ки танқиди фақеҳон, рӯҳониёни мутаассиб, воизон, ҳокимони золимро дар бар ме­гирифтанд. Дар баъзе шеърҳояш Абулъалои Мааррӣ  фатвои фақеҳонро оид ба буридани узви бадани шахси гунаҳкор ботил донистааст. Ба сабаби иброз доштани ақоиду назариёти озодандешона Абулъалои Мааррӣ  ба куфру илҳод гунаҳкор карда шуд.

Муҳаққиқони ҳаёт ва эҷодиёти Абулъалои Мааррӣ осори ӯро беш аз 70 номгӯй донистаанд, вале бар асари ҳуҷуми румиҳо ба Маарра китобҳои Абулъалои Мааррӣ аз 90 миён рафтанд. То замони мо аз осори Абулъалои Мааррӣ  девонҳои ашъор – «Сиқт-уззанд» (3000 байт, ашъори дар ҷавонӣ суруда), «Лузум-мо-ло-алзам» (11000 байт, шеърҳои аз 30-солагӣ то охири умр суруда шуда), асарҳои дигар бо номҳои «Рисолат-ул-ғуфрон», «Рисо- лат-ул-малоика», «ал-Фусул ва-л- ғоёт», «Расоил» ва ғайра боқӣ мондаанд.

Мавзӯи ашъор ва осори Абулъалои Мааррӣ тарғибу ташвики ахлоқи ҳамида, мазаммати бухлу ҳасад, танқиди ҳоки- мони золим, рӯҳониёни мутаассиб, савдогарони фиребгар, мазаммати бодаву боданӯшӣ ва ғайра мебошад. Дар осори Абулъалои Мааррӣ  ҷаҳонбиниву андешаронии фалсафиву иҷтимоиаш ташаккул ёфтаанд. Махсусан, назариёти динии Абулъалои Мааррӣ ҷолиби диққатанд. Дар ашъ­ори солҳои ҷавонӣ Абулъалои Мааррӣ исломро дини мубин донистааст, вале баъдан баъзе урфу одатҳои динӣ, хурофотро танқид кардааст. Кор то ба ҷое расидааст, баъзе нукоти таълимоти исломи рошидӣ, масалан, тасаввуротро оид ба биҳишту дӯзах зери шубҳа гузоштааст. Масъалаи аз зӯхд оғоз кар­да бо илҳод анҷом ёфтани андешаҳои Абулъалои Маарриро муҳаққиқон, аз ҷумла И. Ю. Крачковский таъкид намудаанд.

Ба қавли ин муҳаққиқ Абулъалои Мааррӣ бунёдгузори афкори илҳодомез дар таърихи мардуми мусалмон мебошад. Абулъалои Мааррӣ  оид ба ягонагии рӯҳу ҷисм таълимо­ти хусусиятҳои материалистӣ доштаро пеш гирифтааст. Таносухро ботил донистааст. Ба андешаи ӯ рӯҳ дар за­минаи моддӣ пайдо шуда, баробари расидани марг фано мешавад. Хайру шар мувофиқи таълимоти ӯ, дар табиати худи инсон ҷой доранд ва ба Офаридгор вобаста нестанд. Умуман, Абулъалои Мааррӣ муносибати оқилона доштанро ба масоили ҳаётӣ афзалиятнок шуморидааст. Яке аз қадимтарин маъхазе, ки аз ҳаёт ва осори Абулъалои Мааррӣ иттилоъ медиҳад, «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ мебошад.

Мувофиқи маълумоти ин асар, ба марги Абулъалои Мааррӣ  84 шоир марсия гуфта, дар санги мазори ӯ зиёда аз 200 шогирдаш номашонро сабт карда буданд. Шахси дигаре, ки дар бораи Абулъалои Мааррӣ маълумоти ҷолиб додааст, Носири Хусрав мебошад. Ӯ дар «Сафарнома»-аш менигорад: «Ва ин мард дар шеъру адаб ба дараҷае аст, ки афозили Шому Мағрибу Ироқ муқарраранд, ки дар ин аср касе ба пояи ӯ набудааст ва нест».

Адабиёт: Григорян С. Н., Средневековая философия народов Ближнего и Среднего Вос­тока, Москва, 1966; Шидфар Б. Я., Абу-л-аля-ал- Маарри. Москва, 1985. И. Зиёев, М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …