Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ ТОШ

АБУЛАББОСИ ТОШ

АБУЛАББОСИ ТОШ (соли таваллуд но­маълум – вафот 987), сипаҳсолор ва волии Хуросон дар давраи Сомониён. Пас аз аҳли Абулҳасани Симҷур бо рахнамоӣ ва ҳимояти Абулҳусайни Утбӣ, бар маснади сипаҳсолории Ху­росон расид ва лақаби «Ҳисомуддавла»-ро мушарраф гардид.

Дар замони ҳукумати Фахруддавлаи Дайламй Абулаббоси Тош муддате волии Омул ва баъдан ҳокими Астарободу Гуpгон ва Деҳистону Обаскун буд. Фахруддавла пас аз ҳазимати Абулаббоси Тош дар набард бо Абулҳасани Симҷур Гургонро ба Абулаттоси Тош супурд ва худ ба Рай рафт. Талоши Абулаббоси Тош барои бозпас гирифтани ҳукумати Хуросон ба шикаст анчомид ва ӯ баъд аз се соли истиқрор дар Гургон аз вабои сахте даргузашт.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …