Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абубакри Теҳронӣ

Абубакри Теҳронӣ

АБУБАКРИ ТЕҲРОНӢ ал-Исфаҳонӣ (соли таваллуд  ва вафот номаълум), қозӣ, муншӣ ва муаррихи асри 15. Дар бораи аҳвол ва зиндагонии ӯ иттилооти кофӣ дар даст нест. Абубакри Теҳронӣ аслан аз Исфаҳон аст, вале нисбаи «Теҳронӣ»-и ӯ марбут ба касабаи Терон – Каруни (Тирун) Исфаҳон аст, на ба шаҳри Теҳрон. Абубакри Теҳронӣ насаб аз ашрофи Исфаҳон дошта, дар ҳамин шаҳр касби илм кардааст. Дар соле, ки султони темурӣ Шоҳрух ба қасди саркӯб кардани шӯриши наберааш султон Муҳаммад Мирзо ба Исфаҳон рафт, бузургони ин шаҳрро ба ҷурм ва иғвои шоҳзода ба асорат гирифт, Абубакри Теҳронӣ низ аз чумлаи донишмандони маҳбус дар назди султон Шоҳрух буд.

Пас аз марги Шоҳрух Абубакри Теҳронӣ озод шуд ва ба хидмати Муҳаммад Мирзо пайваст. Вай дар юриши Муҳаммад Мир­зо ба Домғон (1457) ширкат варзид, Абубакри Теҳронӣ ӯро дар юришаш ба Хуросон (1458) низ ҳамроҳӣ кард ва пас аз та- сарруфи Ҳирот дар мадрасаи Ғиёсия машғул ба тадрис шуд. Пас аз қатли

Муҳаммад Мирзо (1451), Абубакри Теҳронӣ ба хидмати шоҳзода Муҳаммадӣ (писа­ри Ҷаҳоншоҳ) рафт ва сипас (1452) ба дарбори султон пайваст. Абубакри Теҳронӣ шахси донишманд буд, илми сиёсату девон солориро накӯ медонист ва дар навиштани номаҳои расмӣ ба ду забон (форсӣ ва арабӣ) устод будааст. Чу- нончӣ, намунаҳои фармонҳон султон Узун Ҳасан, нома ба султони Миср, Пир Аҳмад Қароман-оғлӯ ва ғайра, ки Абубакри Теҳронӣ тадвин кардааст, аз маҳорати баланди ӯ шаҳодат медиҳанд.

Абубакри Теҳронӣ бо дархости султон Узун Ҳасанбек соли 1471 китоби «Таърихи Диёрбакрия»- ро иншо кард. Ин китоб ба забони форсии махлут ба забони арабӣ таълиф шуда, дороӣ иттилооти фаровон ва бикр дар робита бо таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва низомии силсилаҳои тур- | кмани Оққуюнлу ва Қароқуюнлуи Эрон аст.  Л. Бойматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …