Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУБАКРИ ХОРАЗМӢ

АБУБАКРИ ХОРАЗМӢ

АБУБАКРИ ХОРАЗМӢ Муҳам­мад ибни Аббос (935, Хоразм – 993, Нишопур), шоир ва донишманди арабизабони тоҷик. Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (839 – 923) будааст, аз ин рӯ ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд. Бо мақсади омӯзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар ҷавонӣ ба Ирок, Сурия, Халаб ва дигар кишварҳо сафар карда, бо донишмандону адибони он ҷойҳо вохӯрдааст.

Пас аз сафарҳо ба Бухоро омада, ба хидмати дарбори Сомониён ворид шуд ва бо вазири Сомониён Абуалии Балъамӣ робитаи дӯстӣ барқарор намуд. Пас аз муддате ба Систону Шероз сафар кард; аз он ҷо ба Нишо­пур омад ва ба кори таълиму тадрис машғул шуд. Бо хонадони Бувайҳиён (ҳукмронии 935 – 1055) наздикӣ дошт, аз ин рӯ, ба таъкиботи вазири Сомони­ён Абулҳусайни Утбӣ (солҳои вазири 977 – 986) гирифтор шуд ва ба нониби Исфаҳон назди Соҳиб ибни Аббод рафт. Пас аз вафоти Утбӣ боз ба Ни­шопур баргашт. Аз Абубакри Xоразмӣ маҷмӯае бо номи «Расоил» ва девони ашъор боқӣ мондааст. Дар «Расоил» номаҳои ба ашхоси гуногун навиштаи Абубакри Xоразмӣ фароҳам омадаанд. Онҳо барои омӯхтани таърих ва хусусиятҳои насри бадеии асри 10 аҳамияти калон доранд.

«Ра­соил» дар Истанбул ва Бамбай ба табъ расидааст. Дар девони ашъори Абубакри Xоразмӣ қасидаҳо, ғазалҳо, марсияҳо, ҳаҷвияҳо ва ғайра ҷамъоварӣ шудаанд. Абубакри Xоразмӣ дар ашъори хаҷвиаш баъзе ҳодимони давлат, халифаҳои Аббосиён, ашхоси коҳилу муфтхӯрро мазаммат кардааст. Шоир хонандаашро ба азму субот, дурӣ ҷустан аз дӯстони риёиву рафтори ношоиста даъват менамояд.

Адабиёт: Абдуллаеп И., Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X – начала XI веков, Ташкент, 1984.            А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …