Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУБАКР МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ,

АБУБАКР МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ,

АБУБАКР МУҲАММАДИ ХУҶАНДӢ, Абубакр Муҳаммад ибни Собит ибни Ҳасан ибни Алии Хуҷандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир, донишманди форс-тоҷик (охири асри 11 – ибтидои асри 12). Ба таҳсил дар зодгоҳаш шурӯъ намуд ва баъдан барои омӯзиши илмҳои мутадовили давр ба Самарқанду Бухоро рафт.

xujandiПас аз хатми таҳсили Мад­раса ба Марв омад ва ба ваъзгӯӣ машғул шуд. Дар баъзе маҷлисҳои ваъзи ӯ адибон, сиёсатмадорон аз қабили Низомулмулк, Авфӣ, Озар, Абубакри Қазвинӣ иштирок карда, ба маҳорати Абубакр баҳои баланд додаанд.

Низомулмулк ӯро барои кор ба мадрасаи Низомияи Исфаҳон даъват кард. Пас аз вафоти Низомулмулк ин Мадраса дар ихтиёри Абубакр монд. Абубакр бунёдгузори хонадони Оли Хуҷанд мебошад, ки дар Исфаҳон тақрибан 200 сол фаъолият доштанд. Абубакр инчунин сарвари мазщаби шофеӣ буд.

Адабиёт: Саид Н а ф и с ӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Тошкент, 1344 ҳиҷрии шамсӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …