Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ НАВОЕҲИИ МАРВАЗӢ (соли таввллуд ва вафот номаъ- лум), шоир ва донишманди форс- тоҷик (асри 10). Бино ба маьлумоти Му­ҳаммад Авфии Бухороӣ фаъолияти шоириаш ба замони салтанати Со­мониён (асри 10) рост меояд. Аз мероси адабии вай то замони мо ҳамагӣ як байт дастрас гардидааст, ки дар хақи мақоми баланди Кисоии Марвазӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суруда шудааст. Ин аст он байт:

Зебо бувад, ар Марв бинозад ба Кисоӣ,
Чун он ки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод. 1958. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …