Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБСОРБСИЯ

АБСОРБСИЯ

АБСОРБСИЯ (лотинӣ absorptio – ҷаббиш), аз омехтаи газҳо ба тавассути моеъ ҷаббида шудани модда. Ҳангоми Абсорбсия ҷаббиш дар тамоми хаҷми абсор­бент мегузарад. Абсорбсия асоси як қатор усулҳои технологии истеҳсолоти майкашӣ мебошад. Абсорбсияи ангидриди сулфат аҳамияти калон дошта, дар майкашӣ ва истеҳсоли шарбат чун антисептик ва антиоксидант истифо­да мегардад.

absorbciyaАбсорбсия ва десорбсияи гази карбонат бо май равандҳои асосии истеҳсоли майҳои пурҷӯш ва газнок мебошанд. Бисёр равандҳои асосии саноатӣ, масалан, истеҳсоли кислотаҳои нитрат, сулфат ва оксалат, сода ва ғайра тавассути Абсорбсия амалӣ мегарданд. Абсорбсия ҳангоми аз омехтаҳои заҳрнок тоза кардани газ ва коркарди нефт, инчунин дар равандҳои физиологӣ низ корбаст мешавад.   Т. Идрисов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …