Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБРОР ЗОҲИР

АБРОР ЗОҲИР

АБРОР ЗОҲИР (Имомов Аброр Зоҳирович; таваллуд 15.1.1965, Сарбанд – 23.11.2015-вафот), нависандаи тоҷик. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1989). Нозир ва мудири шӯъбаи комитети комсомолии вилояти Қӯрғонтеппа (1989 – 92), муовини раиси Созмони ҷавонони ноҳияи Бохтар (1992 – 93), мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1993 – 94), ёвари раис, сардори раёсати Иттиҳодияи «Тоҷиккино» (1994 – 99), сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-и Комитети телевизион ва радиои ҷумҳурӣ (1999 – 2000), ди­ректории телевизиони Точикистон (2000 – 04), директори киностудияи «Тоҷикфилм» (2004 – 05), сармута- хассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005 – 07).

abror-zohirАз апрели 2007 дирек­тори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ. Фаъолияти эҷодии Аброр аз нимаи солҳои 80 асри 20 оғоз шуда дар матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ ҳикоёташ ба табъ расидаанд. Солҳои 90-ум қиссаю повестҳояш «Моҷарои хурд дар шаҳри калон» (1994), «Як рӯзи ҳаёт» (1995), «Дуроҳа» (1996), «Меҳмони нохонда» (1997), «Моҷарои қабр» (1997), «Васвасаи дунё» (1998) дар маҷмғи «Садои Шарқ» нашр гардидаанд. До­мани мавзӯи эҷодиёташ фарох аст. Дар услуби тасвиру тадкики бадеии воқеият ва офаридани образ баробари адабиёти пешину муосири точик ба эҷодиёти адибони муосири русу Ғарб такя кардааст.

Масъалаи ахлоқ дар осораш мавқеи махсус дорад. Як силсила қисса, ҳачвия ва романҳои Аброр «Мунтасир» (2001), «Бозгашт» (2002), «Мусофири ҷодаи ишқ» (2005), «Шикасти зулмот» (2007), «Ғуруби офтоб» (2008), «Мурофиа», «Бомдоди ишқ», «Беном», «Бармахида» (2009), «Ману ту ва фаришта», «Муҷассамаи ишқ», «Майдон» (2010) нашр гардидаанд. Муаллифи сенарияи филмҳои бадеии «Моҷарои хурд дар шаҳри калон» (1994), «Муҷассамаи ишқ» (2003), чандин силсилафилмҳои кӯтоҳ, намоиш- номаҳои телевизионист. Узви Иттифоқи Нависандагон Тоҷикистон аз соли 2000.

Основание: Душанбе, 2008; Рақс дар сояи девори оҳанин, Душанбе, 2008; Бозии тақдир, Душанбе, 2009; Дар ҷилди одам Душанбе, 2010; Чароғи мунаввар, Душанбе. 2010. М. Азизӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …