Маълумоти охирин

Абрбандӣ

АБРБАНДӢ , санъати гулпартоӣ бо танидани абрешим ва ресмоне, ки дар натиҷаи ҳамкории устохон нусхапарто, абрбанд, рангуборчӣ, кабудгар, қаткушо сурат мегирад. Дар Абрбандӣ нусхапарто тарҳи гули матоъро кашида, абрбанд, рангуборчӣ, кабудгар, каткушо эҷоди ӯро амалӣ мекунанд. Нусхапартоӣ, абрбандӣ ва қаткушоӣ дар абрбандхона, рангдиҳӣ дар устохонаҳои рангубор ва кабудгарӣ сурат мегирад.

АбрбандиДастгоҳи Абрбандӣ аз ду чӯбчаи да­розиаш 1-метрӣ ва ду ҷуфт мехи чӯбини дарозиаш 1 -1,2 метр, ки дар фосилаи 3 – 3,5 метр аз ҳам ба фарш кӯфта шудаанд, иборат мебошад. Абрбанд ҷойи ранги аввали танидаро кушод гузошта, ҷойҳои дигар рангҳоро тавассути ресмони ғафси обногузар ме- бандад. Баъда ҳар як рангубор абр­банд ҷойи навбатии рангдиҳиро кушода, ҷойҳои рангдодаро мебандад. Зимни ҳар як рангмолӣ абрбанд ин амалро такрор менамояд.

Гулҳои нақш табишҳои гуногун: сурх, сабз, зард, кабуд, сиёҳ ва ғайра дошта, ҳар яки он дар натиҷаи рангдиҳии навбатӣ ҳосил мегардад. Баъди Абрбандӣ ва рангдиҳӣ танидаро дар байни мехҳои чубин та­ранг мекашанд. Танидаи нақшини чилашуда баъди теғкашӣ, гулбардорӣ, оҳардиҳӣ ва ғайра ба бофтан омода мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …