Маълумоти охирин

Абрбанди

АБРБАНДИ , санъати гулпартои бо танидани абрешим ва ресмоне, ки дар натичаи хамкории устохон нусхапарто, абрбанд, рангуборчи, кабудгар, каткушо сурат мегирад. Дар Абрбанди нусхапарто тархи гули матоъро кашида, абрбанд, рангуборчи, кабудгар, каткушо эчоди уро амали мекунанд. Нусхапартои, абрбанди ва каткушои дар абрбандхона, рангдихи дар устохонахои рангубор ва кабудгари сурат мегирад.

АбрбандиДастгохи Абрбанди аз ду чубчаи да­розиаш 1-метри ва ду чуфт мехи чубини дарозиаш 1 -1,2 метр, ки дар фосилаи 3 – 3,5 метр аз хам ба фарш куфта шудаанд, иборат мебошад. Абрбанд чойи ранги аввали танидаро кушод гузошта, чойхои дигар рангхоро тавассути ресмони гафси обногузар ме- бандад. Баъда хар як рангубор абр­банд чойи навбатии рангдихиро кушода, чойхои рангдодаро мебандад. Зимни хар як рангмоли абрбанд ин амалро такрор менамояд.

Гулхои накш табишхои гуногун: сурх, сабз, зард, кабуд, сиёх ва гайра дошта, хар яки он дар натичаи рангдихии навбати хосил мегардад. Баъди Абрбанди ва рангдихи танидаро дар байни меххои чубин та­ранг мекашанд. Танидаи накшини чилашуда баъди тегкаши, гулбардори, охардихи ва гайра ба бофтан омода мешавад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …