Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абон ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ

Абон ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ

АБОН ибни Абдулҳамиди Лохиқӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 815), шоир ва адиби арабизабони эронинажод. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Басра гузаштааст. Баъдан ба Бағдод рафт ва ба махфили адабии вазирони маъруфи эронии Хилофат – Бармакиён пайваст. Абон «Калила ва Димна», «Булухар ва Будосаф», «Китоби Синдбод» («Синдбоднома»), «Сирати Ардашер» («Корномаи Ардашери Бобакон»), «Сирати Анӯшервон» (Корномаи Анушервон), «Китоби Маздак»-ро, ки Ибни Муқаффаъ ба забони арабӣ тарҷума карда буд, инчунин асари Ибни Муқаффаъ «Адаб»- ро ба забони арабӣ ба назм даровардааст. Ибни Надим дар «ал-Феҳрист» ба шумори асарҳои ба назм даровардаи Абон инчунин «Китоб-ул-мантиқ” (зоҳиран «Мантиқ»-и Арастуст, ки онро Ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонда буд), «Зот-ул-хулал», «Китоб-ур-расоил», «Китоб Ҳулм ал- Ҳинд»-ро дохил кардааст.

Ба қалами Абон яке аз нахустин маснавиҳо дар ада- биёти араб «Фи-с-сиём ва-з-закот» (номи дигараш «Китоб-ус-сиём ва-л- иътикоф» – китоб доир ба рӯза ва гӯшанишинӣ), ғазалҳо, порчаҳои шеърӣ дар шаклҳои мадҳия, ҳаҷвия, марсия ва ғайра (тақрибан 600 байташон дастрас гардидааст) тааллуқ доранд.

Адабиёт: Донишномаи Сомониён, ҷилди I, Xуҷанд, 2008.

Н. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …