Маълумоти охирин

АБЛАҚ

АБЛАҚ, зебра, як навъ ҳайвони ширхӯри тоқсум, ки ба ҷинси асп (Equus) мансуб аст. Дарозии танаш 200 – 240 сантиметр, думаш 47 – 57 сантиметр ва қадаш 120-140 сантиметр; вазнаш 350 килограмм. Ранги ас-лии Аблақ сиёҳ буда, рахҳои сафед дорад. Ёлаш кӯтоҳ. 3 намуди Аблақ мавҷуд аст: Аблақи кӯҳӣ (Е. zebra), Аблақи биёбонӣ (Е. grevyi) ва Аблақи даштӣ (Е. quagga; пурра нест шудааст).

Аблақи кӯҳӣ нисба­тан хурд буда, гӯшҳои дароз дорад. Рахҳои сиёҳи он дар сағрӣ нақши панҷараро мемонанд. Зоҳиран беш­тар ба хар монанд аст. Дар Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ ва Анголаи Ҷанубӣ дучор меояд.

ablaq

Тақрибан 700 cap боқӣ мондааст. Ба «Китоби сурх»-и Созмони байналмилалии мухофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақи биёбонӣ нисбат ба дигар намудхои Аблақ калонҷусса мебошад. Ранги сафеди шикамаш то ба пахлуҳо мерасад. Дар кисми марказии Эфиопияи Шарқӣ, Сомалӣ, Кенияи Шимолӣ дучор меояд.

Такрибан 15 ҳазор cap боқӣ мондааст. Ба «Ки­тоби сурх»-и Созмони байналмилалии мухофизати табиат дохил карда шудааст. Аблақҳо ҷонварони алафхӯр буда, гала-гала (10-30 cap) зиндагӣ мекунанд. Давраи ҳамли онҳо 364 – 390 рӯз аст (1-2 курра мезояд).

Кур- раи Аблақ баъди 10-15 дақиқаи ба дунё омадан, ба по рост истода, қадамҳои аввалинро мегузорад. Аблақ дар шароити сунъӣ нағз зиндагӣ карда, насл медиҳад. Аблақ мисли асп тездав нест. Ром кардани он хеле душвор аст; аз ҷонварони даранда худро бо дандон ва зарби лагат ҳифз мекунад. Душмани ашаддии Аблақ шер аст. Сокинони таҳҷоии Африка Аблақҳоро барои гӯшт ва пӯст шикор мекунанд. Бинобар ин саршумори онҳо хеле кам шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …