Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБЕЛЯР Пйер

АБЕЛЯР Пйер

АБЕЛЯР Пйер (1079, Палле – 21.4. 1142, дайри католикии Сен-Марсел), файласуф, илоҳиётшинос ва шоири франсавӣ. Соли 1113 мактаби шахсии худро таъсис дод. Абеляр ба реализми ифротин Гиломи Шампоӣ ва номинализми Росселин зид баромада, таълимоти худро пешниҳод намуд, ки дар он баъзе хусусиятҳои таълимо­ти Арасту таҷдид шуда, минбаъд бо номи консептуализм машҳур гардид.

abelyarМувофиқи таълимоти Абеляр дар олами воқеӣ фақат ашёи ҷудогона вуҷуд доранд. Умури куллӣ мустақилона вуҷуд надошта, зимни ҷудо карда гирифтани сифатҳои алоҳидаи ашё, дар натиҷаи фаъолияти таҷридии ақл ҳамчун мафҳум пайдо мешаванд. Идроки ҳиссӣ асоси дониш аст; зимни муроқабаи ҳиссӣ инсон факат чизҳои алоҳидаро дарк меку­над. Ғояҳо – идеяҳо танҳо дар ақли илоҳӣ вуҷуд доранд. Ақли илоҳӣ дар ҷараёни мурокаба ба дарки амиқи ҳама гуна касрати олами моддӣ кодир аст. Бар хилофи Анселми Кентерберӣ, ки ақлро дар асоси имон пайдошуда мепиндошт («бовар мекунам, то бифаҳмам»),

Абеляр ақлро қисман аз имон ҷудо карда, онро шарти пешакии ба вуҷуд омадани имон мешуморид («мефаҳмам, то бовар кунам»). Албатта, мармузоти калисоро низ ба мисли «Каломи муқаддас» қаблан оқилона дарк кардан мумкин нест, вале эътибори ривояту аҳкоми динӣ бояд ба тавассути ақл санҷида шавад.

Таҳлили мантиқии аҳкоми динӣ дар осори Абеляр дар баъзе ҳолатҳо аз шарҳу тафсири маъмул фарқ мекард. Калисои католикӣ ду бор – дар калисои ҷомеи Суассон (1121) ва Санс (1140) осори дар мавзӯи илоҳиёт навиштаи Абелярро маҳкум кард. Масъалаи асо­сии таълимоти ахлоқии Абеляр муайян намудани моҳияти гуноҳ аст. Инсон ҳангоми анҷом додани амали хайр ё шар бояд бо амри виҷдон ва оқилона рафтор кунад. Вале дар масъалаи наҷоти рӯҳи инсон Абеляр тарафдори таъ­лимоти қазову қадар буд. Ӯ яке аз асосгузорони усули схоластикист.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …