Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУСАМАДБЕКИ ҲОФИЗ

АБДУСАМАДБЕКИ ҲОФИЗ

АБДУСАМАДБЕКИ ҲОФИЗ (1868, Бухоро – 1918, ҳамон ҷо), ҳофиз, мусиқидон, хушнавис ва мусаввири точик (охири асри 19 – ибтидои асри 20). Абдусамадбеки Ҳофиз асосҳои илмӣ, назарӣ ва амалии мусиқиро аз Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ, Ҳомидхоҷаи Савтӣ ва тарзу услуби иҷрои сурудҳои халқиро аз Устод Тӯла, Устод Эргаш ва дастаи созандагону маврихонон омӯхтааст. Ӯ махсусан дар иҷрои кисматхои созиву овозии «Шашмақом» маҳорати том зоҳир намудааст.

Қисмҳои мураккаби «Савт», «Намуд», «Талқин» ва «Тарона»-ҳоро ба сабки тоза иҷро мекард, ки ба ин муносибат аҳли мусиқӣ ӯро «Абдуссамадбеки Савтӣ» ном ниҳодаанд Абдусамадбеки Ҳофиз аз «Шашмақом» «Муғулчаи Дугоҳ», «Дугоҳ», «Баёт», «Савти Сарвиноз», «Уфари Ороми ҷон», «Ироқи Бухоро», «Сақили Султон» ва шӯъбаи мураккаби созиву овозии «Бузург»-ро ниҳоят моҳирона ичро мекардааст. Сарояндагони машҳури точик (махсусан Домулло Ҳалим, Шодӣ Азизов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов) аз саб¬ки ӯ истифода кардаанд.
Адабиёт: Баёзи Шашмаком, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …