Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурраҳмони Суфӣ

Абдурраҳмони Суфӣ

Абдурраҳмони Суфӣ  Абулҳусайн (Абулҳасан) Абдурраҳмон ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Саҳли Суфии Розӣ (8. 12. 903, Рай, Эрон – 25.5.986, Исфаҳон), мунаҷҷим ва чуғрофидони арабизабони форс- тоҷик. Солҳои 946 – 947 дар шаҳри Диновар (наздикии Кирмоншоҳ), солҳои 948 – 949 дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият кардааст.

Абдурраҳмони Суфӣ тарғибкунандаи равияи риёзӣ дар нуҷум ва чуғрофияи асрҳои миёна мебошад. Рисолаҳои риёзиву ҳайатшиносии зерин ба ка­лами Абдурраҳмони Суфӣ  мутаалиқанд: «Рисола дар амали ашколи мутасовиййа ул- азлаъ», «Китоб сувар-ул-кавокиб ассобита» («Китоби тасвири ситораҳои собита»), «Китоб-ул-амал би-л-ус- турлоб» («Китоби амал бо устур- лоб»), «Китоб-ул-амал би-л-кура ул- фалакиййа» («Китоби амал бо кураи фалакӣ (глобус)»), «Китоб-ул-мадхал илм ан-нуҷум ва аҳкомиҳи» («Китоби муқаддима дар илми нуҷум ва аҳкоми он»).

Асари маъруфи ӯ «Китоб сувар- ул-кавокиб ас-собита» (965) ба шарҳи бурҷҳои дувоздаҳгона, тавсиф ва вазъи онҳо дар гунбази фалак бахшида шудааст. Рисолаи «Китоби тасвири ситораҳои собита» аз тарафи муаррихони илм «Шоҳасари ҳайатшиносии мушоҳидавии асрҳои миёна» номи- да шудааст. Дар он тавсири 48 бурҷ ва ҷадвали 1017 ситораи собита дода шудааст. Аз феҳристи бурҷҳое, ки дар ин асар оварда шудааст, олимо­ни давраҳои минбаъда (масалан, Берунӣ дар «Осор-ул-боқия») истифода бурдаанд.

Абдурраҳмони Суфӣ дар дарбори амир Азудуддавла (949 – 983) чун мунаҷҷим эҳтиром ва эътироф дошт ва кураи арзи (глобус) нуқрагин сохт, ки дертар он дар китобхонаи қасри Фотимиёни Қоҳира гузошта шуд. Абдурраҳмони Суфӣ матолиби нучумиро ба назми арабӣ кашидааст, ки он бо номи «Урчузат Абдурраҳмон» ё «Урчуза фи-л-фалак» маъруф аст. Тадқиқоти Абдурраҳмони Суфӣ ба эҷодиёти мактаби мунаҷҷимию гео­графии Берунӣ, Закариёи Қазвинӣ. Насируддини Тусӣ ва дигар таъсири бузург расондааст.

Основание: «Китоб сувар-ул-кавакиб ас-сабита» (ба забони арабӣ ва тарчумаи франсавӣ). С.- Пб., 1874); Тарчумаи «Китоб сувар ул-кавоқиб ас-собита» бо калами Насируддини Тусӣ, бо тасҳеҳи Мунзиддини Мадҳавӣ, Тошқанд, 1973.

Адабиёт: Крачковский И. Ю., Избранные сочинения, т4, Моква – Ленинград,1957; Мамедбейли Г.Д.

Осно­ватель Марагинской обсерватории Насэриддин Туси, Баку, 1961.  Ю. Малсев, А, Комилӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …