Абдураҳмонов Шариф (1898, ҷамоати Кӯиқозиёни ноҳияи Конибо- дом – 10. 2. 1983, Қӯрғонтеппа), ҳодими ҳизбӣ ва давлатӣ, аз оилаи дехқон, яке аз иштирокчиёни фаъоли барқароркунии Ҳокимияти Советӣ дар Шимоли Тоҷикистон.
Фаъолияти меҳнатии ӯ хеле бармаҳал оғоз ёфт. Солҳои 1915 – 25 ба ҳайси коргари корхонаи истеҳсоли нефти САНТО (ҳоло КИМ), 1925 – 28 милитсионери Шуъбаи Корҳои Дохилии шаҳри Конибодом, 1928 — 30 раиси Ҷамоати дехоти Маҳрам, 1930 -31 раиси батрачком, 1931 – 34 раиси комиҷроияи ноҳияи Конибодом, 1935-37 котиби ташкилоти ҳизби коммунистии колхози «Тоҷикистони Сурх», 1937 – 40 котиби аввали комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Даштаҷум, 1940 – 44 раиси артели «Болшевик»-и ноҳияи Конибодом, 1944 – 46 раиси колхози «Тоҷикистони Сурх»-и ҳамин нохия, 1946 – 50 котиби аввали комитети ҳизбии шаҳри Кӯлоб, 1950 – 58 раиси колхози «Октябр»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа ифои вазифа намудааст.
Аз соли 1958 нафақагири дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд. Барои хизматҳои бардавомаш дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо ордену медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.