Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдураҳмонов Муин

Абдураҳмонов Муин

Абдураҳмонов Муин Камолович (таваллудаш 30. 11. 1933, Бухоро), акушер-гинеколог, доктори илмҳои тиб (1971), профессор (1990), Аълочии тандурустии СССР. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Сталинобод (1951) ва факултети тибби ҳарбии До­нишкадаи давлатии тиббии шаҳри Куйбишеви Федератсияи Россия (1957). Духтури ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Демок­ратии Германия (1958 – 1959).

Аспиран­ти Институти тибби кишварии АИ РСС Тоҷикистон (1959 – 1962), духтури Таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ (1962 – 1967), асси­стент кафедраи муолиҷавии Ин­ститути давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1967 – 1976), саракушер-гинекологи шаҳри Душанбе (1976 – 1980), ассистент (1980 – 1986), дот­сент (1986 – 1990), профессор (1990 – 1998) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултети педиатрии ДДТТ (1998 -2005). Аз соли 2005 профессор- мушовири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №2-и ҳамин донишгоҳ. Тадқиқоти Абдураҳмонов ба таъсири омилҳои антропогении муҳит ба фаъолияти насловарӣ равона шудаанд.

Аввалин шуда дар шароити клиникӣ таъсири бемориоварии хлор ва пестисидҳои фосфорорганикиро дар ташаккул ва инкишофи системаи «модар – ҳамроҳак – ҷанин» муайян намуд. Муаллифи 95 мақола, 6 дастури методӣ, 7 пешниҳоди навоварона. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 6 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Бо ордени Дӯстӣ ва медали «Собиқадори меҳнат» сарфароз шудааст.

Ос.: Нейроэндокринные нарушения у деву­шек при воздействии неблагоприятных факто­ров окружающей среды. Дар мач. «Российский вестник акушер-гинеколога», т. 2, №6, М., 2002; Эпидемиологические аспекты и факторы риска развития воспалительных заболевании придат­ков матки. Изв. АН РТ, №3 (156), Д., 2006; Не­которые особенности гестациониого процесса при ожирении. Дар мач. «Вестник Авиценны». Д., 2008.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …