Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳхон ибни Искандар

Абдуллоҳхон ибни Искандар

Абдуллоҳхон ибни Искандар (1532/1533, Офаринкенти Миёнколи Зарафшон – 8. 2. 1598, Самарқанд), маъруфтарин ҳукмфармо аз сулолаи Шайбониён. Падараш Искандархон, бобояш Ҷонибек, бобокалонаш Хона Муҳаммад ибни Абулхайрхон. Аввал дар Кармина буд, ҳамлаи ҳокими Тошканд Наврӯз Аҳмадхон ва Абдуллатифро рафъ карда, падарашро, ки ба ҷониби Амударё фирор карда буд, дубора ба вилояти Кармина баргардонд. Баъдтар Каршиву Шаҳрисабз ва вилояти Бухороро ба даст даровард.

Лекин аз дасти душманон соли 1555 ба Маймана фирор карда, баъд аз фавти душмани қудратмандаш Наврӯз Аҳмадхон (октябри 1556) аз нав Карминаву Шаҳрисабз ва Бухороро тасарруф намуд (1557). Бухоро аз ин баъд то замони забт аз тарафи русҳо (асри 19) маркази асосии сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Мовароуннаҳр шуд. Ҳукуматро Абдуллоҳхон ба таври расмӣ (баъд аз марги пада­раш) аз соли 1583 ба даст гирифт. Соли 1570 Тирмиз, 1573 Балх, 1574 Ҳисор, Ӯротеппаву Хуҷанд, 1578 Самарқанд, 1582 – 1583 Тошканд, Андиҷон ва дигар вилятҳои водии Фарғонаро низ ба тобеияти худ даровард.

Соли 1582 зидди қабоили қазок лашкар кашида Шоҳрухия, Сайрам ва Оҳангаронро ба тасарруфи худ даровард. Бадахшон, Хатлон, Қундуз (1584) ва Хуросону Гелон ва баъди муҳосираи мадид Ҳиротро (1588) низ ба худ тобеъ намуд. Дар замони Абдуллоҳхон хонигарии Бу­хоро аз ҳудуди Қошғар (дар Шарқ) то Туркистону Сайрам (дар Шимол), то бахшҳои шарқии Хуросон (дар Ҷануб) имтидод пайдо кард. Зиндагии баъдии Абдуллоҳхон пур аз ҷанҷол бо писараш Абдулмӯъмин (аз охири 1582) буд. Хон ҳокими Балх буд ва даъво дошт ҳокими воқеӣ гардад.

Абдуллоҳхон ба ҳеҷ ваҷҳ намехост бар нафъи писари худ гузаште кунад. Ақвоми саҳрогарди ӯзбек бо истифода аз зиддияти падару писар, пайваста ба Тошканду Самарқанд ҳамла мекарданд. Абдуллоҳхон ба­рои ҳимояи сарҳадоти моликияташ бо сипоҳи азим ба ҷониби Самарқанд равон шуд, вале дар роҳ фавтид (8 феврали 1598).

Писараш Абдулмӯъмин низ баъд аз ним соли марги падараш куш­та шуд. Дар аҳди ӯ дар Бухоро ва вилоёти дигар роҳҳо, пулҳо, сардобаҳо, корвонсаройҳо, мадрасаҳо, тимҳои тиҷорат, бозорҳо, ҳаммомҳо сохта шуданд. Мадрасаи Абдуллофсон (дар Бухоро), Мадрасаи Кӯкалтош (дар Тошканд), Тими Абдуллоҳхон (дар Бухоро), Пули Кармина низ ба замони Абдуллоҳхон тааллуқ доранд. Дар замо­ни ӯ ҳамчунин зарби сиккаҳои тилло шурӯъ гардид.

Ад.: Ҳофиз Таниш ибн Мирмуҳаммад Бухорий, Абдулланома, Шарафномаи шоҳин. 1-11 жилд, Тошкент, 1966 – 1969; Бар­тольд В. В., Абдулла б. Искандер II Бар­тольд В. В., Сочинения, т. II, ч. 2, М., 1964; Гафуров Б. Р., Точнкон, кит. 2, Д., 1985; Хамза К а м о л, Политическая история Мавераннахра XVI, Д., 2007.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …