Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳи Марворид

Абдуллоҳи Марворид

Абдуллоҳи Марворид Хоҷа Шиҳобуддин (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1516, Ҳирот), шоир, донишманд, муншӣ, мусиқидон ва оҳангсози форс- тоҷик. Бо тахаллусаш «Баёнӣ» шеър менавишт. Аз шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Дар оилаи вазир ба дунё омада, пас аз касби камол пешаи авлоди худро идома дод. Дар дарбори Ҳусайн Бойқаро мӯҳрдор, вазир, парвоначӣ (масъули пазироӣ) буд.

Абдуллоҳи Марворид соҳиби девони ашъор (шомили қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо) мебошад. Ба ғайр аз девони ашъор маҷмӯаи рубоиёти худро бо номи «Муънис-ул-ахбоб» мураттаб наму­дааст. Вай инчунин маснавие дорад бо номи «Хусрав ва Ширин».

Рисолае оид ба мусиқӣ ва адвор нигоштааст. Абдуллоҳи Марворид дар мавзӯъ ва шакли ашъор пайравӣ гузаштагон будааст, вале аз ҷиҳати сабк, диди шоирӣ, тарзи нигори ва дарёфти маъниҳои тоза аз нодирони замон мебошад. Дар байни аҳли адаб маҷмӯаи «Тамсилот»-и Абдуллоҳи Марворид хеле машҳур будааст.

Китоби дигари Абдуллоҳи Марворид «Тарассул» ном дорад, ки дар он фармонҳои ҳокимон, фатҳномаҳо номаҳои расмии давлатӣ, дипломатӣ таъзияномаҳо, руқъаҳои (номаҳои) ашхоси маъруфи замон (Ҷомӣ, Хоҷа Аҳрор, Ҳусайн Бойқаро, Алишери Навоӣ ва дигарон) ва навиштаҳои худи ӯ фароҳам омадаанд. Нусхаҳои хаттии ин асар дар китобхонаҳои кишварҳои Шарқу Ғарб хеле зиёданд.

Ин асар ба­рои омӯхтани ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, вазъияти байналхалқӣ ва ҳаёти фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр, Эрон, Озарбойҷон, Ҳиндустон вадигар кишварҳо дар асри 15 арзиши баланд дорад. Як нусхаи девони Абдуллоҳи Марворид дар Институти дастнависҳои АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …