Абдуллоҳи Котиб (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷик (асри 19). Дар Бухоро зистааст. Падараш бо номи Авазбадал Котиби Балхӣ машҳур буд. То замони мо аз Абдуллоҳи Котиб осори бисёри хаттотӣ расидааст.
Ӯ «Воқеоти Ҳисомӣ»-и Ҳисомуддин Умари Бухороӣ (1820), «Шарқ-ул- фусул»-и Рукнуддини Шерозӣ (1821), «Чаҳор унсур»-и Бедил (1824), «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро (1824) китобат кардааст.
Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.