Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоҳбеки Котиб

Абдуллоҳбеки Котиб

Абдуллоҳбеки Котиб (соли  таваллудаш номаълум – 1914, Бухоро), хаттот ва хушнависи тоҷик (асри 19). Аз мирбачаҳои Яккабоғ будааст. Амир Музаффар ҳангоми Яккабоғро зери тасарруфи худ гирифтан Абдуллоҳбеки Котиб ва бародари ӯ Абдураҳмонбекро ба Бухоро овард. Бародари Абдуллоҳбеки Котибро ба қатл расонид ва худи ӯро ҳабс кард.

Ҳангоми даҳ соли дар маҳбас будан Абдуллоҳбеки Котиб ба таври худомӯзӣ хатро машқ кард ва камол ёфт. Дар навиштани хати насх ба пояи Мирубайд ва дар настаълик ба Миралии Хиравӣ расид, гарчанде ба ин ду устоди насху настаълик касе баробар нашуда буд.

Аз осори китобати ӯ «Мусхаф» (таҳти рақами 2117) ва «Сурат-ул-аврод» (таҳти рақами 2480) дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумхурии Ӯзбекистон маҳфузанд, ки бо хати нодиру зебо рӯйнавис шуда, дорои қимати баланди бадеӣ мебошанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …