Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоҳ ибни Қодир

Абдуллоҳ ибни Қодир

Абдуллоҳ ибни Қодир Абуҷаъфар (1031 – 1075), халифаи аббосӣ, мулаққаб ба Қоим. Хилофати Бағдод дар замони бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ба дасти Абдуллоҳ гузашт. Аз рӯзҳои аввали хилофаташ ӯ ҷиҳоди зидди шиъаро сарварӣ намуд. Солҳои 1033 – 1036 хуруҷи айёрони Буяро дар Бағдод барҳам дод.  Нуфузи Оли Буяро дар Бағдод маҳдуд карда, ҳокимияти халифро дубора барқарор кард.

Аммо ба ӯ муяссар нашуд, ки Бағдод ва тамоми хилофатро аз таъсири туркон боздорад. Дар нимаи дуюми асри 11 Бағдод дубора ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шуд. Соли 1055 сипоҳи Туғрилбек вориди Бағдод гашт. Абдуллоҳ Бағдодро тарк кард.

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуда, як сол давом кард (1055 – 1056) ва баъди ба ақди никоҳи писари Туғрил даромадани духтараш Абдуллоҳ ҳукумати худро боз устувор кард. Султон Али Арслон барояш унвони ҳодӣ ва сарвари муслиминро дода, аз масъулиятҳои дигар ӯро маҳдуд кард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …