Маълумоти охирин

Абдуллоҳ

Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (охири асри 15 – ибтидои асри 16). Дар зодгоҳаш – шаҳри Ҷом таҳсил карда, ба шеъргӯӣ оғоз намуд ва чун шоири тавоно шӯҳратманд гардид. Аз истеъдоди баланди ӯ дар эҷоди газалу рубоӣ ва маснавӣ Алишери Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» иттилоъ додааст. Ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавию Амир Хусрави Деҳдавӣ ва маснавиҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷавобия навиштааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:

Пас он гаҳ басе говмешони нар,

Ба занҷир бастанд бар якдигар.

Ки дар пеши хандақ фасиле бувид

Ва з-ӯ ҳар яке манъи филе бувад.

Чаро бояд аз фил кардам ҳазар,

Ки ӯ чорпояст чун гову хар.

**

Нубувватро туӣ он нома дар мушт,

Ки аз таъзим дорад мӯҳр бар пушт.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …