Абдуллоев Хайрулло (таваллудаш 1. 2. 1930, шаҳри Кӯлоб – 2009, шаҳри Душанбе), композитори тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1986). Мусиқии халқиро аз падар, сипас аз устодони машҳури санъати мусиқии халқӣ С. Вализода, С. Каримов, С. Султонов ва 3. Қаландаров омӯхтааст. Солҳои 1942 – 1952 гижакнавози Театри мусиқии драмаи Кӯлоб буд. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1953) ва Консерваторияи давлатии Москва (1958). Муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1958), муҳаррири калон ва сармуҳаррири Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик (1960 – 1965 ва 1968 – 1978), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1978 – 1980). Аз соли 1980 муҳаррири коллегияи репертуарӣ- редаксионии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҷодиёти Абдуллоев обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст.
Асарҳои ӯ саршори самимият, лиризми дилнишин ва нафосати хоси мусиқист: трио барои скрипка, виолончел ва фортепиано (1956); кантатаи «Садои Осиё»; консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ (1958); симфониэтта (1963), достонҳои вокалӣ- симфонии «Нолаи Тахмина» аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1967), «Ахтари инқилоб» (шеъри С. Айнӣ, 1976), «Роҳи хирад» (шеъри Ҳ- Ғоиб, 1985); 4 рақси симфонӣ (1973); сюитаҳои рақсии «Ҷои Душанбе», «Сюитам рақсӣ» (барои ансамбли «Лола»), сюитаҳои вокалӣ-инструменталии «Таронаи Вахш».
«Навоҳои кӯлобӣ», мусиқӣ барои драмаҳои мусиқии «Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов, «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар, инчунин намоишномаҳои «Интихоби домод»-и X. Содиқ «Хазони зери по»-и Ф. Ғуломова, «Рустам ва Сӯҳроб»-и Р. Абдулло (бо ҳамроҳии А. Одинев), «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, «Чанори гӯё»-и Б. Раҳимзода ва ғайра.
Абдуллоев муаллифи як силсила сурудҳо мебошад: «Эй дил» (шеъри А. Лоҳутӣ), «Аскарбача» (шеъри А, Қодирӣ), «Духтари помирӣ» ва («Душанбе» (шеърҳои М. Ҳайдаршо), «Марҳабо» (шеъри Б. Раҳимзода), «Суруди Душанбе» ва «Дӯстии тоҷикону Хитоӣ» (шеърҳои А. Қодирӣ), «Наврӯзи Душанбе» (барои хори бачагона), «Эй ёр, куҷо рафтӣ» (шеъри Ҷалолуддини Румӣ), «Тоҷик ҳама ҷосту Тоҷикистон яктост» (шеъри Гулназар), «Дидам Ватанам» (шеъри Н. Бақозода), «Ушшоқи Анзоб» (шеъри С. Аюбӣ) ва ғайра. Абжуллоев ҳамчунин ба услуби овозхонии акапелла зиёда аз 25 асар таълиф кардааст, ки «Дил дигар», «Ҳавой чаманам орзуст», «Кӯҳи Ҳисор», «Сад доғ», «Регравон» аз ҷумлаи онҳоанд. Абдуллоев оҳангсози навовар ва соҳибистеъдод буда, анъанаи бойи санъати мусиқии классики, халқӣ ва муосирро дар эҷодиёташ моҳирона истифода кардааст. Бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2004) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совета Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК (аз 1963).
Ад.: Композиторы Таджикистана, Д., 1987; Композиторы и музыковеды Таджикистана, Д., 2010.