Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулло Қаҳҳор

Абдулло Қаҳҳор

Абдулло Қаҳҳор (17. 9. 1907, Қӯқанд – 25. 5. 1968, Москва; мадфун дар қабристони Ҷиғатойи Тошканд), нависандаи ӯзбек. Раиси Правленияи ИН Ӯзбекистон (1954 – 1956). Фак­та шарқшиносии Донишгоҳи давла­тии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1934). Фаъолияти эҷодиаш соли 1924 аз таълифи ҳаҷвияҳо ва новеллаҳо оғоз ёфтааст. Дар рушди новелла саҳми арзанда дорад. Солҳои 30 асри 20 маҷмӯаҳои ҳикоёти «Ҷаҳон ҷавон мешавад» (1933), «Ҳикояҳо» (1935) ба табъ расиданд, ки дар онҳо зиндагии гузашта ва имрӯза (солҳои 30 асри 20) тасвир шудааст. Дар қиссаҳои «Каҳрамони Дардакӣ» (1942), «Ситораи тилло» (1946) Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ҶБВ (1941 – 1945) рӯй овардааст.

Сипас, Абдулло Қаҳҳор ба мавзӯи ташкили нахустин колхозҳо (хоҷагиҳои дастҷамъӣ) даст зад (романи «Чароӯҳои Кӯшчинор», 1946). Дар қиссаҳои «Санговдавак» (1958), «Муҳаббат» (1968) аз ҳаёти деҳоти Ӯзбекистон баъди ҶБВ (1941 – 1945) ва зиндагии ҷавонон ҳикоя мекунад. Қиссаи тарҷумаиҳолии Абдулло Қаҳҳор «Афсонаҳо аз гузашта» (1965) ба Мукофоти ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ сазовор дониста шуд (1966). Абдулло Қаҳҳор яке аз драманависони машҳури Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Вай муаллифи мазҳакаҳои «Дар замини нав», «Сӯзании шоҳӣ» (1950; Мукофоти давлатии СССР, 1952), «Дандонҳои дардманд» (1954), «Садо аз тобут» (1962) ва ғайра мебошад.

Ба забони тоҷикӣ асарҳои Абдулло Қаҳҳор «Сангов­давак» (1962), «Афсонаҳо аз гузаш­та» (1979) тарҷума шудаанд. Драмаи «Сӯзании шоҳӣ», мазҳакаи «Садо аз тобут», намоишномаи «Ҷон модаракон» дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд. Абдулло Қаҳҳор асарҳои нависандагони рус А. С. Пушкин, Л. Н. Толстой, Н. В. Гогол, А. П. Чехов ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Бо ордену медалҳои даврони шӯравӣ ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст. Дар Тошкенту Қӯқанд ба номаш кучаҳо ва мактаб вуҷуд до­рад. Дар Театри сатираи Тошкент музейи ба номи Абдулло Қаҳҳор амал менамояд (аз  соли 1987).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …