Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллатифхон

Абдуллатифхон

Абдуллатифхон (соли таваллуд ва вафоӣаш номаълум), ҳокими Мовароуннаҳр (1540 -1551) аз сулолаи Шайбониён. Дар Самарқанд баъди вафоти Абдуллоҳхони I Шайбонӣ (1539 – 1540) ба тахт нишаст. Ҳамин вакт намояндаи дига­ри сулолаи Шайбониён Абдулазизхон (1540—1549) дар Бухоро худро хон эълон кард. Дар натиҷа дар Мовароуннаҳр дуҳокимиятӣ рӯй дод.

Абдуллатифхон соли 1551 ҳамроҳи ҳокими Тошкент Наврӯз Аҳмадхон ба муқобили ҳокими Карми­на Искандархон лашкар кашид, вале дар корзор аз Абдуллоҳхони II (пи­сари Искандархон) шикаст хурд. Аз давраи ҳукмронии Шайбониён дар Осиёи Миёна чанд ёдгории меъморие боқӣ мондааст, ки баъзеи онҳоро ба Абдуллатифхон нисбат медиҳанд. Яке аз онҳо Кӯкгунбази Ӯротеппа аст.

Ад.: Мухторов А., Город Ура-Тюбе, дар мачм. Археологи рассказывают, Стапинабад, 1959.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …