Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулқодири Суҳравардӣ

Абдулқодири Суҳравардӣ

Абдулқодири Суҳравардӣ Абунаҷиб ибни Абдуллоҳ (1097, Суҳраварди Эрон – 1167, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, муассиси тариқати суҳравардия. Дар ҷавонӣ ба Бағдод омада, улуми расмиро омӯхт. Чанд муддат мутаваллии мадрасаи Низомияи Бағдод буд. Муддате гадоию сақоӣ низ кард. Пас аз ба суфигӣ ном баровардан ба воизӣ машғул шуд ва дар ин соҳа шӯҳрати фавқулода пайдо кард.

Минбаъд муридонаш тариқати ӯро бо номи суҳравардия маълуму машҳур сохтанд. Абдулқодири Суҳравардӣ дар охирҳои умраш ба Димишқ омад ва дар Бағдод даргузашт. Абдулқодири Суҳравардӣ асарҳои бисёре таълиф кардааст, вале онҳо то ба мо нарасидаанд.

Дар асари асосиаш «Одоб-ул-муриддин» усули ақоиди суфиёнро баён карда, тарзи зиндагии обидонаю зоҳидона, мартабаҳои маърифати ботинӣ ва сайру сулуки суфиёнро таҳқиқ намудааст. Пас аз марги Абдулқодири Суҳравардӣ мурид ва бародарзодааш Абулҳафси Суҳравардӣ тариқати ӯро равнақ дод.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …