Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулкарим – ҳокими Ҳисор

Абдулкарим – ҳокими Ҳисор

Абдулкарим (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), ҳокими Ҳисор (тахминан солҳои 1840 – 1860). Фарзанди Саидбийи Атолиқ. Абдулкарим бо амири Бухоро иртиботи нисбатан хубе доштааст. Соли 1850 беки Балҷувону Кӯлоб Мизробшоҳ бо шоҳи Дарвоз ба Ҳисор ҳамла кар­да Душанберо оташ заданд.

Амири Бухоро Музаффар (1860 – 1885) борҳо ба сӯи Ҳисор лашкар кашида мардуми бисёреро ба қатл расонд. Абдулкарим истиқлолияти мулки худро дар минтақа устувор дошта натавонист. Билохира Ҳисор ва мулкҳои атрофи он (Дарвоз, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра) ба тобеияти аморати Бухоро даромаданд.

Ад.: Юсупов Ш. Т., К истории дореволюци­онного Душанбе (Конец XIX – нач. XX вв), Д., 1988; Мухторов А. М., Хисор. Очерки таърихП (Охирхои а. XIX – аввали а. XX), Д., 1995.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …