Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин

АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин

АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин (соли таваллуд тақрибан 1551 – вафот 1642, Ҳинд), муаррих ва географ. Абулҳақи Бухороӣ асосан дар хидмати салотини Темуриёни Ҳинд будааст. Абулҳақи Бухороӣ дар таърих ва география осори қобили таваҷҷӯҳе аз худ гузоштааст.

Китоби «Таърихи Ҳаққӣ» аз маъруфтарин таълифоти ӯ дар илми таърих буда, шомили иттилооти фаровоне дар робита бо таъри­хи сиёсӣ ва иҷтимоии асри 17 Ҳинд ме­бошад. Китоби «Ҷазб-ул-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» аз 17 фасл иборат буда таълифи арзишманди Абулҳақи Бухороӣ  дар робита бо географияи Мадинаи мукаррама аст.

Л.Бойматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …