АБУЛФАЗЛ СУЛЛАМИИ МАРВАЗӢ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан 946), аз фақеҳони маъруфи ханафӣ ва вазири амир Нуҳ ибни Наср. Абулфазл Сулламии Марвазӣ аслан Марвӣ буд ва дар шаҳрҳои Марв, Нишопур, Рай, Бағдод, Куфа, Макка, Миср ва Бухоро аз машоихи машҳури он рӯзгор таълим гирифта, баъдҳо машоих ва бузургони Хуросон назди ӯ дониш андӯхтанд. Чун Абулфазл дар фиқҳ устоди амири Сомони – Нӯҳ ибни Наср буд, зимоми умурро ба ӯ вогузошт ва ба раъйи ӯ фармон меронд.
Аммо Абулфазл аввалҳо аз қабули вазифаи вазирӣ худдорӣ мекард ва баъдан ба исрори амир ин симатро пазируфт. Амир Наср бо ҳадафи ҷалби ризои фуқахо ва саркӯб кардани ҳаракати эътиқодии исмоилӣ Абулфазлро ба ин мансаб нишонд. Аммо идораи умури мамлакате чунон бузург ва ахиран ҳифзи инзиботи лашкариён, ки такягоҳи умдаи давлат хусусан дар муқобили рақибони тозае ҳамчун Оли Буя буданд, вазири кордон ва сиёсатдонро тақозо мекард, ки Абулфазл аз ин сифот баҳра надошт.
Натиҷаи ин заъфи вазорат ва мудирияти Абулфазл он шуд, ки беш аз шаст миллион дирҳам ба барои айшу ишрат пардохт шуд ва хазина холӣ гашт. Дар ин ҳангом лашкариёни Нӯҳ, ки аз бекифоятӣ ва бадрафтории вазир шикоят доштанд ва ӯро сабабгори ошуфтагии авзои кишвар донистанд (сабаби шӯриши Абуалии Чағонӣ), хоҳони қатли Абулфазл шуданд. Лашкариёни шӯришӣ соли 946 наздики дарвозаи Марв ӯро ба қатл расонданд. Л. Бойматов.