Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдол Султон

Абдол Султон

Абдол Султон, Абдумалик (таваллудаш номаълум – вафоташ 1580, Ҳисор), яке аз салотини Шайбониён, фарзанди Аб­дуллатифхон ва набераи Кӯкунчихон.Абдол Султон дар аҳди Искандархон (1561 – 1583) ҳокими Зомин будааст.

Вай дар талошҳои худ барои касби тахту тоҷ аз рақибонаш шикаст хӯрда, ба Кӯҳистон ва аз он ҷо ба Ҳисори Шодмон рафт ва дар мубориза бо Ӯзбек Султон ба қатл расид. Пас аз қатлаш ҷасади ӯро ба Самарқанд оварданд ва дар мадрасаи Кӯкунчихон ба хок супурданд. Абдол Султон табъи шоирӣ дошта, бо тахалусаш «Хуш» ба забонҳои форсӣ ва ӯзбеки шеър сурудааст.

Ад.:Мухторов А.,Ҳисор.Очеркитаърихӣ (Охири асри XV – аввали асри XX), Д., 1995; Ӯзбекистон миллим энсиклопедияси, I ж., Тошкеит, 2000.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …