Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдии Гунободӣ

Абдии Гунободӣ

Абдии Гунободӣ (соли таваллудаш номаълум – вафоташ байни 1562 – 1564, Балх), шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш Гунободи Хуросон таҳсили Мадра­са кард ва сипас ба Ҳирот рафта, дар муҳити адабии он ҷо ба камол расид. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-ахбоб» аз шавқу рағбати Абдии Гунободӣ ба омӯзиши илм ва шеъргӯй иттилоъ додааст.

Мувофиқи иттилои ҳамин асар ва манбаъҳои дигар Абдии  Гунободӣ дар сурудани ғазал ва маснавӣ маҳорати зиёде доштааст, вале маснавиҳояш то кунун дастрас нагаштаанд. Дар тазкираҳову баёзҳо аз ашъори Абдии Гунободӣ намунаҳо оварда шу­даанд. Абдии Гунободӣ дар шеърҳояш аз вазъи замон шикоят кардааст, ишқу ошиқӣ, табиату зебоиҳои онро тараннум намудааст, андешаҳои андарзӣ иброз доштааст. Ба забони ӯзбеки низ шеър мегуфтааст. Ин абёт намунае аз шеъри уст:

Замона шуму нокасу беиаво, Абдй,

Гарики хуки ситаму пуриаво, Абдй.

Умедворам, ки рузи нек меояд,

Ба савти хапк мешавад хамнаво, Абдй.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …