Аббот Чарлз Грили (31. 5. 1872, Уилтон – 17. 12. 1973, Ривердейл, ШМА), астрофизики америкоӣ, мутахассиси физикаи Офтоб ва омӯзишу истифодаи энергияи офтобӣ. Хатмкардаи Донишкадаи технологии Массачусетс (1895). Солҳои 1907 – 1944 директори расадхонаи астрофизикии Смитсонов, 1928 – 44 котиби Донишкадаи Смитсонов буд.
Дар сохаи радиатсияи Офтоб, физикаи Офтоб ва нурафкании ситорахо тадкикот бурдааст. А. кисми инфрасурхи спектри Офтобро тахкик намуда, таъри- фи собитаи офтобиро додааст. Бо спектроболометр ва радиометри ихтироъкардааш тақсимоти энергияро дар спектри Офтоб таҳқиқ кардааст. Барои истифодаи энергияи гармии Офтоб асбобҳо сохтааст.
Муаллифи китоби «Офтоб» аст, ки соли 1936 ба забони русӣ нашр шудааст. Дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ вобастагии байни тағйирёбии афканишоти Офтоб ва боду ҳаворо дар Замин (1953) муайян намудааст. Ба шарафи Аббот дар Моҳ яке аз танӯраҳо номгузорӣ шудааст (танӯраи Аббот). Аббот узви АИ миллим ШМА дар Вашингтон буд (1915).
Ос.: Солнце, М. – Л., 1936.
Ад.: Колчинский И. Г., Корсунь А. А., Родригес М. Г., Астрономы. Биографический справочник, Киев, 1977.