Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Аббе Эрнст Карл

Аббе Эрнст Карл

Аббе Эрнст Карл (23. 1. 1840, Ай­зенах – 14. I. 1905, Йена, Германия), физик ва астрономи немис, ихтироъкори дилатометри интерференсионӣ ва рефрактометр. Аббе дар Донишгоҳи Йена ба сифати дотсент (аз 1863) ва профессори (аз 1870) фаъолият намуда, дар корҳои илмӣ-амалии корхонаҳои оптикии Карл Сейс иштирок мекард. Соли 1872 назарияи пайдоиши тасвирро асоснок карда, намудҳои гуногуни афзори оптикиро ихтироъ карда­аст, ки дар бисёр расадхонаҳои чакон истифода гардидаанд.

Аббе дар илми физика мафҳуми «апертураи ададӣ»- ро ворид кард, ки он алоқамандии апертураи ҳақиқии объективро бо нишондиҳандаи инкисори шиша ва дарозии мавҷи рӯшиоӣ ифода меку­над. Аббе якчанд навъи шишаҳои оптикиро сохтааст. Аббе соли 1870 расадхонаи Йенаро таъсис дода, солҳои 1877 – 1890 сарвари он буд. Соли 1884 ҳамроҳи Сейс лабораторияи химиявии шишаро созмон дода, соли 1886 линзаҳои апохроматиро сохт, ки бо номи «конденсорҳои Аббе» машҳуранд. Аббе узви вобастаи АИ Берлин (1896), узви хориҷии АИ Австрия (1900), узви фахрии АИ Саксония (1901) буд. Бо ордени «Шоҳини сафед»-и Пруссия (дараҷаи I) сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …