САФФОРИЁН, сулолаи амирони эронӣ (861—900), ки дар пароканда шудани хилофати Аббосиён ва озод кардани Эрон аз арабҳо роли калон бозида, давлати Саффориёнро ташкил карданд. Асосгузораш деҳқонбачаҳои систонӣ Яъкуб ибни Лайс ва баро- даронаш Амр, Тоҳир ва Алӣ. Яъқуб дар шаҳри Заранҷа чанд вақт шогирди саффор (мисгар) буд, ки номи сулола …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САФОРАТХОНА
САФОРАТХОНА, намояндагии дипломатие, ки ба он сафир ва ё дигар намояндагони дипломатии класси 1- ум роҳбарӣ мекунанд. Нигаред, низ Рутбаҳои дипломатӣ, Сафорат.
Муфассал »САХӢ Мирзо Абӯтолиби Кошонӣ
САХӢ Мирзо Абӯтолиби Кошонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Тазкиранависон Сахиро асосан шоири ғазалсаро қаламдод карданд. Ин ду байт намунае аз мероси адабии ӯст: Манмой хешро ба касе ғайри ман, ки зуд Дар чашми булҳавас назари пок мехалад. Роҳ талаб, Сахӣ, ба адаб, ки аз шитоб …
Муфассал »САХТӢ
САХТӢ, муқовимати ҷисми сахтро ба фишор ё харошидан гӯянд. Сахтӣ собитаи физикӣ набуда, балки яқ навъ хосияти ҷисм аст, ки ҳам ба мустаҳкамию чандирияти малериал ва ҳам ба усули андозагирӣ вобаста аст. Дар минералогия Сахтӣро аз рӯи шкалаи Моос муайян мекунанд.
Муфассал »САХТУ
САХТУ, ҳасибест аз гӯшти гӯсфанд.
Муфассал »САХТИИ МИНЕРАЛҲО
САХТИИ МИНЕРАЛҲО, нигаред, Шкалаи Моос.
Муфассал »Пӯсти САХТИЁН
САХТИЁН, пӯстест, ки бо моддаҳои таннидӣ (растанигӣ) даббоғӣ карда шудааст ва барои тайёр кардани рӯи пойафзол, муқоваи китобҳо ва ғайра истифода мебаранд. Сахтиёнро аз пӯсти гӯсфанду буз тайёр мекунанд. Рангаш, одатан, баланд мешавад. Дар Осиёи Хурд пайдо шудааст. Аз нимаи асри 18 дар Россия ва Европаи Ғарбӣ низ ба истеҳсоли …
Муфассал »Деҳаи САХСИЁН
САХСИЁН, деҳаест дар Совети қишлоқи Гули- сурхи райони Ӯротеппа, вил. Ленин- обод. Терр. к-зи «Роҳи Ленпн». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 5 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 520 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва обчакорист. …
Муфассал »САХОВАТ
САХОВАТ (арабӣ — кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, каримӣ), як навъ сифати ахлоқиест, ки истифодаи оқилонаю беғарази дороии шахсро нисбат ба дигарон ифода мекунад. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ дар афкори ахлоқии худ одамонро ба саховатмандӣ даъват намуда, образҳои намунавӣ (ба мисли Ҳотами Той) эҷод кардаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ Саховатро сабаби некномӣ ва са- …
Муфассал »САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои аз ҷиҳати оптикӣ фаъол (асосан қанд) муайян карда мешавад. Шартҳои ченкуниро дар Сахаметрия стандартӣ кунонида, шкалаи асбоби ченкунанда (сахариметр)-ро тавре дараҷабандӣ мекунанд, ки ғилаати маҳлул бо % ифода шавад. Рилзати қандро аз рӯи Шкалаи байналхалқии …
Муфассал »