Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 29)

Архив Месяца: May 2019

«САРВИ ОЗОД»

«САРВИ ОЗОД» , асари шоир, донишанд ва тазкиранависи фор- сизабони Ҳиндустон Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ (1705—1785). Номи дигараш «Маосир-ул-киром». Ин китоб аз се фасл иборат буда, таърихи муфассали шаҳри Балгиром, шарҳи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони машҳури дину мазҳаб ва илму адаби Ҳиндустонро дар бар мегирад, «Сарви озод» дар бораи 130 …

Муфассал »

«САРВИСТОН»

nota-2

«САРВИСТОН» таронаи қадимиест, ки дар замони Сосониёи Борбади Марвӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз тасниф намудааст. Оид ба «Сарвистон* Низомии Ганҷавӣ дар достони «Ҳусрав ва Ширин» чунин- овардааст; Чу гуфтӣ, «Нимрӯз»~и маҷлисафрӯз, Хирад беҳуд будӣ то нимаи рӯз. Чу бар дастони «Сарвиотон» гузаштӣ, Сабо соле ба сарвистон нагаштӣ.

Муфассал »

«САРВИ СИТО»

surud-nota

«САРВИ СИТО» 1)суруди Борбади Марвӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз тасниф намудааст. 2) Яке аз шӯъбаҳои «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Аширон», «Панҷгоҳ» ва овозаи «Салмак». «Сарви сито» то асрҳои 16—17 дар амалиёти мусиқӣ чун гӯшаи алоҳида иҷро мешудааст. Асосан, онро дар муқаддимаи «Панҷгоҳ», «Аширон» пеш аз мавзуи …

Муфассал »

«САРВИ СИҲӢ»

nota-2

«САРВИ СИҲӢ» оҳанги (таронаи) қадимист, ки онро дар аҳди Сосониён Борбади Марвӣ тасниф кардааст. «Сарви сиҳӣ” ба гурӯҳи таронаҳои силсилаи «Сарв» мансуб аст.

Муфассал »

САРАХБОР

surud-nota

САРАХБОР оғози шӯъбаи якуми қисми овозии ҳар як мақоми «Шашмақом”. Сарахбори ҳар як мақом поми ҳамон мақомро мегирад: Сарахбори С.-и «Бузрук», Сарахбори С.-и «Рост», Сарахбори С.-и «Наво», Сарахбори «Дугоҳ», Сарахбори «Сегоҳ» ва Сарахбори «Ироқ». Системаи оҳангӣ ва овозии Сарахбориҳо хеле мураккаб буда, аз якчанд даромад ва авҷҳо иборат аст. Зарби …

Муфассал »

САРАФСОНА

book-1

САРАФСОНА, яке аз унсурҳои махсуси услубии афсонаҳои тоҷикӣ, порчаи образноку бадеӣ, ки аз байтҳои вазну қофиядор, мусаҷҷаъ таркиб ёфта, пеш аз саршавии сюжети афсона меояд ва тез хонда мешавад. Сарафсона аз суханбозӣ, тасвири муболиғаноку пурдабдаба ва аҷоибу хандаовари рафтору кирдори одамон, ҳайво- нот, ҳашарот ва ғайра иборат аст. Сарафсона бо …

Муфассал »

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ

САРАФРОЗ Муҳаммадамини Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Аз Самарқанд. Соли 1667 аз гуруснагии сахт гурехта, ба Бухоро рафт. Дар ин шаҳр эҷодиёти ӯ камол ёфт ва Сарафроз мақоми баланди шоирӣ пайдо кард. Дар таз- кираи Малеҳои Самарқандӣ Сарафроз ҳамчун шахси зарифу маҷлисоро, хушҳофиза, шоири ҷӯяндаву …

Муфассал »