САРВАТҲОИ ТАБИӢ, ашёи хоми минералӣ, «маҷмӯи мине- ралҳои табииеро гӯянд, ки дар рӯй ё зери замин дар натиҷаи про- сессҳои гуногуни геологӣ-пайдо шуда, аз ҷиҳати миқдор, сифат, таркиби химиявӣ, хосияти физикӣ ва шароити ҷойгиршавии худ дар хоҷагии халқ ба кор меоянд. Сарватҳои табиӣ аз конунҳои гуногун иборатанд. Конҳои Сарватҳои заминӣ …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
САРВАТИ ҶАМЪИЯТӢ
САРВАТИ ҶАМЪИЯТӢ, нигаред, Сарвати миллӣ.
Муфассал »САРВАТИ МИЛЛӢ
САРВАТИ МИЛЛӢ, маҷмӯи неъматҳои моддие, ки дар ихтиёри ҷамъият аст. Вобаста ба тарзи истеҳсолот Сарвати миллӣ дар ихтиёри ҷамъият ё дар дасти синфҳо, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида буда метавонад. Дар давраи капитализм қисми зиёди Сарвати миллӣ дар дасти синфҳои истисморкунанда аст. Дар давраи сотсиализм бошад, Сарвати миллӣ ин маҷмӯи захираи …
Муфассал »САРВ-АРЧА
САРВ-АРЧА, с а в р-а р ч а, дарахти сӯзанбарги ҳамешасабаест аз оилаи сарвҳо. Баландпаш 10—18 метр, шохчаҳояш бештар чун химчаҳои маҷнунбед овезон мешаванд. Сарв-арча дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон (аз қаторкӯҳҳои Қурама то қаторкӯҳҳои Помири Ғарбӣ) вомехӯрад. Чуби он хушбул сурхтоб ва зифтдор аст. Нигаред, низ Арча.
Муфассал »САРВАРӢ
САРВАРӢ, яке аз василаҳои муттаҳидакунандаи фаъолияти гурӯҳ. Сарварӣ шакли махсуси муносибат дар гурӯҳ ё ташкилот мебошад. Омӯзиши Сарварӣ дар сотсиология ва психологияи иҷ- тимоии буржуазӣ ба таҳияи методҳои Сарварии самарабахш ва интихоби сарварон нигаронда шудааст. Асоси методологии омӯзиши илмии Сарварӣ материализми диалектикӣ ва таърихӣ мебошад. Сарварӣ ҳамчун просесси мураккаби таъсири …
Муфассал »САРВАР Мирҳайдар
САРВАР Мирҳайдар (1883, деҳаи Валихони Ургути Самарқанд—1935, Душанбе), шоир ва журналисти советии тоҷик. Дар мадраса таҳсил кардааст. Дар давраи маорифпарварӣ дар ташвиқи мактабу маърифат шеърҳо менавишт. Муддате дар Кӯлоб зист. Пас аз ташкилёбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон то охири умраш дар газетаҳои «Бедории тоҷик», «Деҳқони камбағал», «Тоҷикистони Сурх» хаттоту …
Муфассал »Қабристони Сарваксой
САРВАКСОЙ, қабристони Сарваксой, ёдгории археологии тахминан мансуб ба асрҳои 1—7 милод, ки 5 километр ҷанубтари деҳаи Сарваки райони Ашти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Дар шимоли ғарби деҳа дар нишебии қаторкӯҳҳои Қаромазор 15 қуруми аз якдигар дар масофаи 200—300 метр ҷойгиршуда мавҷуданд. Сарваксойро соли 1957 бостоншиносони Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи …
Муфассал »Деҳаи САРВАКИ БОЛО
САРВАКИ БОЛО, деҳаест дар Совети қишлоқ Пунуки райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 84 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 125 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деқа мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ ва фермаи чорво дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист. …
Муфассал »Деҳаи САРВАК
САРВАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷарбулоқи райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 40 километр, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 670 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекқо. Деҳа ма- газин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорӣ, кирмакдорӣ ва боғдорист. За- минҳо ва Канали Шимоли Фарғона …
Муфассал »САРВАЗИР
САРВАЗИР, роҳбари ҳукумат дар як қатор давлатҳои муосири буржуазӣ, ки аз тарафи сарвари давлат таъип мешавад. Сарвазир метавонад вазирҳоро таъин ва аз вазифа озод намояд, фаъолияти ҳаррӯзаи ҳукумат ва аппарати маъмуриро идора кунад. Одатан Сарвазир роҳбари партияе мебошад, ки намояндагони он дар парламент аксариятро ташкил медиҳанд ё роҳбари коалисияи партиявие …
Муфассал »