САРИКАМАР, деҳаест дар Совети қишлоқ Хурмии райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Съезди 22-юми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 58 километр. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Де- ҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷаги чорводорӣ ва шолию тамокукорист. Заминҳо аз …
Муфассал »Архив Месяца: May 2019
Деҳаи САРИКАМАР (Ваҳдат)
САРИКАМАР, деҳаест дар Совети қишлоқ Туғмазори райони Ваҳдати Тоҷикистон. Территорияи Хоҷагии ҷангалпарварии райони Орҷоникидзеобод. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 17 километр, то район 70 километр. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ ҷангалпарварист.
Муфассал »Деҳаи САРИЗАКОБ
САРИЗАКОБ, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳакимии райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Чорсада». Аа Саризакоб то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 27 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 255 нафар (1981), асосан тоҷикон. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИЁЗИ ДАШТ
САРИЁЗИ ДАШТ, деҳаест дар Совети қишлоқ Зиракии район ва вилояти Қӯлоб. Территорияи колхози «Ленинград». Аз деҳа то мар- кази Совети қишлоқ 4 километр, то район 20 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 225 нафар. (1981), тоҷикон. Фермаи говпарва- рии механиконидашуда ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорист.
Муфассал »Деҳаи САРИЁЗИ БОЛО
САРИЁЗИ БОЛО, деҳаест дар Совети қишлоқ Зиракии район ва вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «Ленинград». Аз Сариёзи Боло то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 24 километр; ро- ҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 570 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, магазин ва осиёб дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо аз …
Муфассал »Деҳаи САРИДАШТ
САРИДАШТ, деҳаест дар Совети қишлоқ Тавилдараи райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи хоҷагии ҷангал. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 78 километр. Аҳолиаш 90 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Деҳаи САРИЁЗ
САРИЁЗ, Сариёзи Миёна, деҳаест дар Совети қишлоқ Зиракии район ва вил. Кӯлоб. Территорияи колхози «Ленинград». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 22 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 630 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва кирмакдорист. Заминҳо …
Муфассал »Ангури САРИАНГУШТ
САРИАНГУШТ, сариангуштӣ, як навъ ангури ҷойдорӣ. Селексияи халқист. Токаш зудсабз, баргаш панҷашакл, гулаш дуҷинса, хӯшааш ғуч (вазни миёнааш 324 грамм), донааш дарозрӯя ё гирда, пӯсташ ғафс (ширааш 27—30% қанд дорад). Охирҳои моҳи сентябр мепазад. Барои тархӯрӣ ва мавиз истифода мебаранд. Сариангушт ан- гури серҳосил (аз ҳар гектар 300—350 сентнер). Дар …
Муфассал »Шаҳраки САРИБОҒ
САРИБОҒ, посёлкаест дар Совети қишлоқ Ҷомии райони Зафаробод, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози Ниҳолпарварӣ. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 километр, то маркази район 13 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 150 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо. Сарибоғ мактаби ибтидоӣ, китобхона ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз дарёи Сир ва …
Муфассал »САРИ
САРИ, либоси миллии занони ҳинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ дошта тайёр мекунанд. Як нӯки матоъро аз болои рон ду маротиба печонида, нӯки дигарашро аз китфн рост ё чап ба қафо мепартоянд. Аз таги Сари нимтанан кӯтоҳостин мепӯшанд. Ҳангоми кӯчагардӣ занҳо як нӯки матоъро ба …
Муфассал »