Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 18)

Архив Месяца: May 2019

Деҳаи САРМИСОЛИҚ

САРМИСОЛИҚ, деҳаест дар Совети қишлоқи Нофароҷи райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Шаҳристон-3». Аз деҳа то маркаэи Совети қишлоқ 15 километр, то район 27 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 315 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, чойхона-қироатхона ва сартарошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ чорводорист. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Муфассал »

САРМИНА Анна Федоровна

САРМИНА Анна Федоровна (таваллуд 23. 9. 1919, деҳаи Селитерпоеи райони Кораболински вилояти Волгоград), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Солҳои 1936—1942 колхозчӣ, 1943—1953 сардори звенои колхози ба номи К. Е. Ворошилов (ҳоло «Ленинград») 1953—1974 коргари муассисаҳои гуногуни райни Вахш буд. Солҳои 1947—1948 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах рӯёнд. Аз соли 1974 нафақахӯри …

Муфассал »

САРМАҚОЛА

makola

САРМАҚОЛА, мақолаи публитсистии редаксионӣ (баъзан муаллифдор), ки шумораи навбатии нашрияи даврагӣ (газета, журнал) бо он оғоз меёбад. Дар матбуоти партиявии советӣ Сармашқ яке аз воситаҳои муҳими ташвиқи сиёсати Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятист. Сармақола дар нашрияҳои даврагии …

Муфассал »

САРМАШҚ

sher

САРМАШҚ (с а р х а т, ҳусни хат, муфрадот, маҷмӯи ҳарфҳои алоҳида, таркибҳои ҳарфии гуногун, калимаю ҷумлаҳои бо хати ҷалӣ навиштан намунавист, ки аз рӯи он шогирдон барои хушнависӣ машқ мекунанд. Сармашқ одатан ба шакли китобча чоп мешавад. Пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистӣ Октябр чандин Сармашқи тоҷикӣ чоп шуда …

Муфассал »

САРМАТҲО

1533653687_pamyatnik-kobanskoy-kulturyi2ust

САРМАТҲО (аз лотинӣ 8агта1ае), номи муштараки қабилаҳои эронизабон, ки асри 3 то милод—асри 4 милод дар биёбонҳои аз дарёи Тобол дар Шарқ то дарёи Дунай дар Ғарб маскун буданд. Таърихи ибтидои Сарматҳо бо савроматҳо вобастааст. Хоҷагии Сарматҳо асосан аз чорводорӣ иборат буд. Сарматҳои бо аҳолии муқимии деҳқон ҳамроҳшуда бо зироат …

Муфассал »

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН

САРМАРШАЛИ НАВЪИ ҚӮШУН, унвони олии ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Советӣ. Сармаршали артиллерия, авиатсия, қӯшунҳои танкии зиреҳпӯш, қӯшунҳои инженерӣ ва алоқа ҳаст, ки ба унвони Маршали Иттифоқи Советӣ баробар дониста мешавад. 9 октябр 1943 ҷорӣ шудааст. Унвони Сармаршали авиатсия дар Британияи Кабир низ ҳаст.

Муфассал »

Деҳаи САРМАНТОЙ

САРМАНТОЙ, деҳаест дар райони Панҷи вилояти Қӯрғонтеппа, маркази Совети қишлоқ Сармантой. Территорияи колхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз деҳа то маркази район 4 километр; роҳаш асфалтпӯпг. Аҳолиаш 1050 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, китобхона, шӯъбаи алоқа, боғчаи бачагон ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахтакорӣ ва …

Муфассал »

Деҳаи САРМАЙДОН

САРМАЙДОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳи баланди райони Ленинград, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Мӯъминобод-1». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 6 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 915 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (дӯзандагӣ, таъмири пойафзол, сартарошхона …

Муфассал »

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ

САРМАДИИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Аваал ба тахаллус Файзӣ шеър навиштааст. Сармадии Исфаҳонӣ дар жанрҳои гуногуни адабӣ шеър гуфта бошад ҳам, бештар ҳамчун шоири ғазалсаро маъруф аст. Ға-залҳояш соддаву самимианд. Байти зерин намунае аз осори ӯст: Ишқ он қадар хуш аст, ки ошиқ ба …

Муфассал »

САРМАД Муҳаммадсаид

САРМАД Муҳаммадсаид (соли таваллуд номаълум — вафот 1658, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яҳудӣ буд. Аввал дар Эрон зиндагӣ карда, баъд ба Деҳлӣ рафтааст. Муаллифи китоби «Дабистони мазоҳиб» аз муосирони ӯ буд ва меорад, ки Сармад дар хидмати мир Абулқосим ва Мулло Садро умури динӣ ёд мегирифт ва дар ҳузури оиҳо …

Муфассал »