Маълумоти охирин
Главная / 2019 / May (страница 11)

Архив Месяца: May 2019

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат аст. Дар ин моҳ арабҳо хонаҳои худро холӣ гузошта, ба ҷанг мерафтанд, аз ин ҷост, ки ин моҳ Сафар ном гирифтааст. Мувофиқи ақидаҳои динӣ Сафар бехосияттарин моҳ ба шумор рафта, мӯътақидони дину оин дар зарфи …

Муфассал »

САФАВИЯ

САФАВИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар давраи ҳаракати пайравони мазҳаби шиа (асри XIII) дар Эрон ба вуҷуд омадааст. Асосгузораш Сафиуддин Исҳоқи Ардабилист (1252—1334). Сулолаи сафавиён ба сари ҳокимияти Эрон омада, худро сайид ва пешвои силсила шайх Сафиуддинро насли 21-уми имоми ҳафтуми аҳли шиа — Мусон Козим эълон карданд. …

Муфассал »

САУКОВ Александр Александрович

САУКОВ Александр Александрович (15. 8. 1902, деҳаи Чурилово, ҳоло райони Некоузи вилояти Ярославл — П23. 10. 1964, Москва), геохимики советӣ, доктори илмҳои геологияю минералогия (1946), профессор (аз 1952), аъзо-корреспондент. Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1953). Шогирди А. Е. Ферсман. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ …

Муфассал »

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ, сатҳҳоеанд, ки координатаҳои росткунҷаи декартии нуқтаҳояшон аз рӯи муодилаи алгебравии дараҷаи дуюм муайян карда мешаванд. Муодилаи (*) образи ҳақиқии геометрӣ набуданаш ҳам мумкин аст, вале дар чунин мавридҳо барои умумияти мафҳум мафҳуми сатҳҳои тартиби дуюми мавҳумро истифода мебаранд. Вобаста ба қиматҳои коэффисиентҳои муодилаи умумии (*) онро тавассути …

Муфассал »

САТҲҲОИ КЕҲИН

САТҲҲОИ КЕҲИН сатҳҳои минималӣ, сатҳҳоеанд, ки каҷии миёнаи ҳар як нуқтаашон ба сифр баробар аст (нигаред, Каҷӣ). Сатҳҳои кеҳин ҳангоми баррасии масъалаи вариатсионии зерин пайдо мешаванд: дар фазо ягон хати каҷи сарбаста дода шудааст; дар байни ҳамаи сатҳҳои имконпазирӣ аз хати каҷи мазкур гузаранда сатҳеро бояд интихоб кард, ки қисми …

Муфассал »

САТҲИ РИМАН

САТҲИ РИМАН яке аз мафҳумҳои асосии назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексист. Ин мафҳумро соли 1851 Б. Риман бо мақсади ба ҷои функсияҳои бисёрқимата омӯхтани функсияҳои таҳлилии якқиматаи нуқта дар сатҳҳои римании мувофиқ ба математика дохил кардааст. Нигаред, низ Функсияҳои таҳлилӣ.

Муфассал »

САТҲИ МУВОЗИН дар геодезия

САТҲИ МУВОЗИН (аз арабӣ — бо чизе ҳамвазн будан) дар геодезия, сатҳест, ки дар ҳамаи нуқтаҳояш потенсиали қувваи вазнинӣ як хел бузургӣ дорад. Самти нормал ба Сатҳи мувозин ба самти қувваи вазнинӣ, яъне хати шоқулӣ, мувофиқ меояд. Сатҳи моеъи дар мувозинатбуда мисоли Сатҳи мувозин мебошад. Сатҳи мувозини майдони ҷозибаи Заминро, …

Муфассал »

САТҲИ ДАВРЗАНӢ

САТҲИ ДАВРЗАНӢ, сатҳест, ки дар натиҷаи дар атрофи меҳвари беҳаракат давр задани ягон хати каҷ (ташкилкунанда) ҳосил мешавад. Нуқтаҳои хати каҷи ташкилкунанда (т) ҳангоми даврзанӣ давраҳоеро ҳосил мекунанд, ки параллелҳои сатҳ ном доранд (расм). Параллели калонтаринро экватор (а) ва хурдтаринро гарданаи Сатҳ меноманд. Буриши сатҳ бо ҳамворие, ки аз тири …

Муфассал »

САТЯГРАҲА

САТЯГРАҲА (санскрипт айнан — матонат дар роҳи ҳақиқат), шакли муборизаи зиддиимперналистиест, ки хусусияти ғайризӯрӣ дорад. Онро дар ҳаракати озодихоҳии миллии Ҳиндустон М. К. Ганди ҷорӣ карда, бори аввал дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ҳамчун шакли мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқҳои нажодии ҳиндуёни муқими он маҳал истифода бурда буд. Сатяграҳа дар ҳаракати …

Муфассал »