САТРАП (аз форсии қадим х ш а т рапаван— ҳокими вилоят), сардори сатрапия. Ба корҳои расмию маъмурии сатрапия сарварӣ карда, андозҳоро сари вақт ҷамъ менамуд ва ба хазина месупорид. Сатрап инчунин аҳолиро дар сохтмонҳо маҷбуран кор мефармуд ва ба номи худ сикка задани пули мису нуқра ҳуқуқ дошт.
Муфассал »Архивы за день : 21.05.2019
САТРАНГ
САТРАНГ, номи дигари мардумгиёҳ.
Муфассал »САТТОРОВ Эшбек
САТТОРОВ Эшбек (1907. деҳаи Янгиариқи Тирмиз, Республикаи Советии Сотсиалистии Ғзбекистон—22. 6. 1975, Совети қишлоқи Нури Вахши райони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Аълочии маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960), Аълочии нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1961),Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС …
Муфассал »САТТОРОВ Малик Абдусатторович
САТТОРОВ Малик Абдусатторович (таваллду 8. 3. 1938, деҳаи Муғулони райони Ғиждувон, вилояти Бухоро), механики советии тоҷик, доктори илмҳои техникӣ (1980). Мактаби миёнаро дар райони Ғиждувон хатм кард. Университети давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудааст (1961). Баъд чанд муддат дар шӯъбаи физика ва математикаи назди Президиуми Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон …
Муфассал »САТТОРОВ Абдуғаффор
САТТОРОВ Абдуғаффор (таваллуд 1904, Хуҷанд—10. 2. 1972, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1956). Солҳои 1931—1945 колхозчӣ, аз соли 1946 сардори бригадаи пахтако- рии колхози «Тоҷикистон»-и райони Хуҷанд. Солҳои 1956—57 бри- гадаи Сатторов ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Солҳои 1965— 1966 дар бригадаи Сатторов …
Муфассал »САТТОРОВ Абдунабӣ
САТТОРОВ Абдунабӣ (таваллуд 27. 2. 1941, деҳаи Варзикандаи райони Панҷакент), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1965). Аз оилаи деҳқон. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1963). Солҳои 1964—1967 аспиранти Университети Давлатии Тоҷикистон, 1967—1969 мудири шӯъбаи танқиди адабии журнали «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1969 муаллим (1984—85 мудири кафедраи …
Муфассал »САТПАЕВ Қалиш Имонтоевич
САТПАЕВ Қалиш Имонтоевич (11. 4. 1899, ҳозира вилояти Павлодар,— 31. 1. 1964, Москва, қабраш дар Олмаато). Геологи советӣ, академики Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1946, аъзо-корреспондент 1943), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.{1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза …
Муфассал »САТЕЛЛИТ
САТЕЛЛИТ (аз лот. эа1е11ез — муҳофиз, ҳамсафар), 1) дар Рими Қадим — сарбози зархариде, ки хоҷаи худро ҳамроҳи (мушойиат) мекунад. 2) Давлате, ки шаклан худмухтор буда, дар асл ба давлати бештар пурқувват тобеъ аст. 3) Дар маънои маҷозиаш иҷрокунандаи хоҳиши шахси бегона, ки ҳамчун ғулом аз шахси дигар вобаста аст. …
Муфассал »САТАН
САТАН , як навъ бемориест, ки аз он гӯшти бини дандонҳо бадбӯ мешаванд. Нигаред, низ Пародонтоз.
Муфассал »Кӯли САССИҚКӮЛ
САССИҚКӮЛ, кӯлест дар Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон, шарқтар аз кӯли Балхаш. Сассиқӯл дар хамии Балхашу Алокӯл, дар баландии 347 метр воқеъ аст. Масоҳаташ 736 километр2, чуқуриаш то 4,7 метр. Пастиҳои соҳили кӯл қамишзор аст. Сатҳи оби кӯл дар давоми сол то 3 метр тағйир меёбад. Ноябр ях баста, аввали апрел …
Муфассал »