Маълумоти охирин

Архив Месяца: May 2019

САЪЛАБ

salab

САЪЛАБ, селаб,1) ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи саълабиҳо. Решаи лӯидаи яклухт ё панҷашакл, барги нештаршакл, гули одатан бунафш ё нофармони арғувонӣ ва ғӯза дорад. Саълаб (қароб 80 намуд) дар Европа, минтақаи мӯътадили Осиё, Африкаи Шимолӣ ва ғайра бисёр аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 36, …

Муфассал »

САЪБА

saba

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш сурх, болу думаш сиёҳ. Дар миёнаи болаш холи зард ва дар интиҳои болу думаш холи сафед дорад; тахтапушт ва китфаш хокистарранги сурхчатоб; шикамаш сафед. Нӯлаш гулобитоб. Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Африкаи Шимолу Ғарбӣ, дар Иттифоқи …

Муфассал »

САЪДӢ – Саъдии Шерозӣ

sadi

САЪДӢ Муслиҳуддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифуддин (1203/8, Шероз—1292, ҳамон ҷо), шоир, насрнавис ва мутафаккири форс-тоҷик. Бо номҳои Ш а й х Саъдӣ, Саъдии Шерозӣ машҳур аст. Падари Саъдӣ Мушрифи Шерозӣ, ба қавли худи шоир, олим ва арбоби дин буда, бо он музде, ки аз давлат мегирифт, осоиши оилаашро таъмии мекард. …

Муфассал »

САХАРОЗА

saharoza

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд аст. Моддаи кристаллии беранги дар об ҳалшаванда; I гудозиш 185—186*Селсия. Аз таъсири кислота ба осонӣ гидролиз шуда глюкоза ва фруктоза ҳосил мекунад. Сахароза аз ҷумлаи карбогидратҳоест, ки ба хубӣ дар растаниҳо ҳазм мешаванд; карбогидратҳои дар …

Муфассал »

Ҷазираи САХАЛИН

21155170584_2b5f3058cc_o

САХАЛИН, ҷазираест дар соҳили шарқии Осиё, дар ҳайати вилояти Сахалини Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР. Аз Шимол ба.Ҷануб (аз дим.- Елизавета то дим. Крильон) ба масофаи 948 километр тӯл кашидааст. Бараш ба ҳисоби миёна тақрибан 100 километр. Масоҳ. 76,4 ҳазор километр2. Бо баҳрҳои Охота ва Япоп иҳота шудааст. Сахалинро …

Муфассал »

Вилояти САХАЛИН

ss

САХАЛИН, вилоятест, дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР, 20 октябр 1932 ташкил шудааст. Масоҳаташ 87,1 ҳазор километр9. Аҳолиаш 685 ҳазор нафар (1984). Сахалин 17 райони чаъмурӣ, 19 шаҳр ва 34 посёлкаи типпи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Южно-Сахалинск, Сахалин бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967). Табиати вилоятро нигаред, …

Муфассал »

САФОЛ

safol

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва дигар моддаҳи ғайриорганикӣ ва пухтан ҳосил мешавад. Ҳамираи Сафол баъди пухтан сифатан тағйир ёфта, ба материали хӯби силикатӣ табдил ме- ёбад. Сафол дар рӯзгор (зарфиёт), сохтмон (хишт, сафоли бомпӯш, нова, сафолтахта, кошӣ, ҷузъҳои муҷассамаҳо), техника, …

Муфассал »

САФЕДАҲО

safedaho

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти организмҳо мавқеи муҳим доранд. Фридрих Энгелс Сафедаҳоро заминаи шакли билогии ҳаракати материя донистааст. Маҳз ба туфайли Сафедаҳо дар организм мубодилаи моддаҳо ва табдили энергия ба вуҷуд меояд. Сафедаҳо функсияҳои муҳими физиологиро адо мекунанд. Пеш аз …

Муфассал »

САФЕДОР

safedor

САФЕДОР (Рори1из), ҷинси дарахтест аз оилаи бедҳо. Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш «гӯшворак», пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4-паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1—3 миллиметр), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45—50 намуди Сафедор …

Муфассал »

САҚИЛ

surud-nota

САҚИЛ (арабӣ — вазнин, гарон), оҳангест дар қисми охирини мушкилоти ҳар як мақоми «Шашмақом». Сақил асосан бо танбӯр ва ё ансамбли асбобҳои халқӣ вазнин ва оҳиста-оҳиста иҷро мешавад. Сақил дар қисми созӣ ҳамчун шакли рондо маъмул шудааст (яъне шакле, ки дар он пас аз пайдо шудани мавзӯи нави мусиқӣ мавзӯи …

Муфассал »