ХАЛФИН Нафтула Аронович (таваллуд 18. 10. 1921, Киев), муаррих ва шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1962), профессор (1973). Аз оилаи коргар. Соли 1942 факултети филологияи Институти педагогии Осетияи Шимолиро хатм кавд. Аз соли 1957 дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР кор мекунад. Тадқиқоти Xалфин ба масъалаҳои сиёсати Россияи подшоҳи дар …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ХАЛТУРИН Степан Николаевич
ХАЛТУРИН Степан Николаевич (21. 12. 1856 ё 2. 1. 1857, деҳаи Халевини (дертар Журавлии Боло) уезди Орлови губернияи Вятка, ҳозира раёни Халтурини вилояти Киров—3. 4. 1882, Одесса), коргари рус, революционер. Аз оилаи деҳқон. Тирамоҳи 1875 ба Потербург омада, дар корхонаҳои саноатии мухталиф кор кард, бо революсионерҳои халқчӣ алоқа барқарор намуд …
Муфассал »ХАЛИЛИХУРАК
ХАЛИЛИХУРАК як навъ гамбуски хурдро гӯянд, ки ранги сурх ва холҳои сиёҳ дорад.
Муфассал »ХАЛАНҶ
ХАЛАНҶ (Саlluna vulgaris), як навъ буттаи қадпасти ҳамешасабзест аз оилан халанҷиҳо. То 30— 70 см қад мекашад. Шохаш сербарг, баргаш майда, гулаш майдаи зангӯлашакл, бунафши гулобӣ, баъзан сафед. Мевааш ғӯзаи камтухм. Бештар дар санавбарзор, кӯҳсор ва ботлоқзори серторф месабзад. Халанҷзорҳои фарох мавҷуданд. Гули Xаланҷ хеле сершаҳқ аст, вале асалаш тираранг, …
Муфассал »ХАЛА
ХАЛА, қуланҷ, хурӯҷи дарди шадиду ногаҳониест, ки ҳангоми ташаннуҷи ягон узви батн пайдо мешаванд. Якчанд намуди Xала маълум аст: гурдавӣ (ҳангоми пайдоиши санги гурда, гидронефроз, нефроптоз, поликистоз, сили гурда ва ғайра) ҷигарӣ (ҳангоми нойчаи талхаронро руст кардани санг), ғадуди зеримеъдавӣ (айёмн пайдошпи панкреатит, санги ғадуди зери меъда ва ғайра), кирмрӯдагӣ, …
Муфассал »ХАЙМА
ХАЙМА, хиргоҳ, соябон, чодари калонеро гуянд, ки бар сари чӯбҳо рост карда, бо танобҳо кашида банданд. Дар гузашта хаймаро аз матоъҳои махсус тайёр мекарданд. Асосан дар марғзору боғот, соҳили руду дарёҳо, сайргоҳҳо хайма мезаданд. Xайма дар байни халқҳои машриқзамин ба сифати истиқоматгоҳи муваққатию сайёр маъмул буд. Xаймаҳои замонавиро бошад, асосан …
Муфассал »ХАЙЁМ – Xайёми Нишопурӣ – Умари Хайём
ХАЙЁМ Ғиёсуддин Абдулфатҳ Умар Ибни Иброҳим, Xайёми Нишопурӣ, Умар ал-Хайёмӣ (18. 5. 1048, Нишопур—4. 12. 1131, ҳамон ҷо), шоир, файласуф, риёзидон ва ҳайъатшиноси форс-тоҷик; ба тиб, назарияи мусиқӣ ва илми ҷуғрофия низ шуғл дошт. Эҳтимолан аз оилаи косиб (хаймадӯз). Ба қавли Ёраҳмад Ҳусайни Рошидии Табрезӣ — муаллифи маҷмуаи «Тарабхона» Xайём …
Муфассал »ХАКАСҲО
ХАКАСҲО, халқ, ки дар Вилояти Автономии Хакас ва қисман РАСС Тува, Кишвари Красноярски РСФСР зиндагӣ мекунад. Шумораашон 71 ҳазор нафар (1979). Ба забони хакасӣ (гурӯҳи забонҳои туркӣ) гап мезананд. То Револютсияи Октябр бо номи умумии тотор ё туркҳои Минусинск ё Абакан маълум буданд. Xасакҳо дар давраи советӣ соҳиби давлат ва …
Муфассал »Вилояти Хакас
ХАКАС, Вилояти Автономии Хакас (Хакасия), дар ҳайати кишвари Красноярски РСФСР. 20 октябри 1930 ташкил шудааст. Масоҳаташ 61,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 547 ҳазор нафар(1986), аҳолии шаҳрӣ 72%, хакасҳо, русҳо, украинҳо ва ғайра 8 райони маъмурӣ, 5 шаҳр ва 17 птш дорад. Марказаш шаҳри Абакан. Дар қисми ғарбии хамии Минуса, қад-қади соҳили …
Муфассал »ХАЛОЪ
ХАЛОЪ, халаъ, хало (арабӣ холӣ будан), тиҳӣ, дар фалсафаи классикии Арабу Аҷам фазои холиро номанд; бори нахуст дар таркиби мафҳумҳои фалсафаи атиқан Юнон шакл гирифта, сипас тавассути осори Арасту ба муҳити фарҳангии Шарқи Наздик ва Миёна нуфуз кардааст. Бар хилофи Левкипп ва Демокрит барин «мардумони хало», ки «олам андар хало …
Муфассал »