РЕСЕССИВИЯТ (аз лотинӣ гесеззиз — дур шудан), яке аз шаклҳои генотипии зоҳир гардидани генҳост. Г. Мендел ҳангоми дурагакунии фардҳои бо аломатҳои муайян аз ҳамдигар фарқкунанда ошкор намуд, ки дар дурагаҳои насли аввал яке аз аломатҳои падарию модарӣ (аломати ресессивӣ) нест шуда, дигараш (аломати доминантӣ) пайдо мешавад (нигаред низ Қонунуни Мендел). …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
РЕСЕПТОРҲО
РЕСЕПТОРҲО (аз лотинӣ гесер1ог — қабулкунанда, пазиро), ҳискунакҳо, асабҳои ҳассос (афферентӣ, марказшитоб) -ро гӯянд, ки ангезишҳои муҳитро қабул ва ба ҳаяҷон мубаддал намуда ба асабия (системаи асаб) мегузаронанд. Ресепторҳо аз ҷиҳати сохт ва вазифа хеле гуногунанд. Онҳо интиҳои озод ё бо капсулаи махсус пӯшидашудаи торҳои асаб ва ҳуҷайраҳои махсус (шабакияи …
Муфассал »РЕСЕПТ
РЕСЕПТ (лотинӣ гесерЬит — гирифта, қабулшуда, аз гесгрхо — мегирам, қабул мекунам), н у с х а, ҳуҷҷатеро гӯянд, ки духтур ба шахси бемор барои аз дорухона гирифтани дору медиҳад. Дар Ресепт тарзи истифодаи дору навишта мешавад. Ресептро аз рӯи қоида ва шакли муайян тартиб медиҳанд. Ресепт ду хел мешавад: …
Муфассал »РЕХТАПО
РЕХТАПО, асперо гӯянд, ки поҳояш хубу мутаносиб афтодааст.
Муфассал »РЕХТАГАРӢ
РЕХТАГАРӢ, просесси технологиест иборат аз гудохтани металлу хӯлаҳо, ба қолиб рехтани фулузоти моеъ ва ҳосил кардани маснуоти гуногун. Деталҳои рехтаро дардастгоҳҳои металлкоркунӣ, муҳаррикҳои дарунсӯз, насосҳо, турбинаҳои буғию гидравликӣ, дастгоҳҳои прокат, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, автомобилу трактор- ҳо, вагону локомотивҳо ва ғайра истифода мебаранд. Маснуоти рехтаи металлу хӯлаҳои ранга ба миқдори зиёд …
Муфассал »РЕФРАКСИЯИ САДО
РЕФРАКСИЯИ САДО, каҷ шудани шуоъҳои садоро дар муҳити ғайриякҷинса гӯянд. Дар чунин муҳит (атмосфера, уқёнус) суръати садо аз савияи ин ё он қабат вобаста аст, Дар атмосфера суръати садо ба ҳарорати ҳаво, суръат ва самти бод вобаста аст. Аз ҷумла, шуоъҳои садо ҳангоми муқобили самти бод паҳн шудан ба самти …
Муфассал »РЕФРАКСИЯИ ЧАШМ
РЕФРАКСИЯИ ЧАШМ (аз лотинӣ ге1гасШ> — инкисор, шиканиш), аз ҷиҳати оптикӣ дуруст кардани чашм ҳангоми оромии аккомодасия. Рефраксияи чашм 3 хел мешавад: эмметропия (Рефраксияи чашмии мӯътадил), дурбинӣ ва наздикбинӣ.
Муфассал »РЕФРАКСИЯИ АСТРОНОМӢ
РЕФРАКСИЯИ АСТРОНОМӢ тағйир ёфтани самти шуоъҳои ҷирми мунири осмониро гӯянд, ки дар натиҷаи дар муҳити ҳаво ши- кастани онҳо сурат мегирад. Азбаски дар роҳи шуоъ зичии ҳаво ва нишондиҳандаи шикасти он пайваста зиёд мешавад, барҷастагии траекторияи шуоъ ҳамеша ба самти зенит аст (расм); расандаи А8′-и ба он гузарондашуда нисбат ба …
Муфассал »РЕФРАКСИЯИ РӮШНОӢ
РЕФРАКСИЯИ РӮШНОӢ, каҷ шудани нури рӯшноиро дар муҳите гӯянд, ки нишондиҳандаи шикасти он пайваста тағйир меёбад. Баъзан Рефраксияи Рушноӣ гуфта умуман инкисор (шикаст)-и рӯшноиро меноманд.
Муфассал »РЕФРАКТОР дар астрономия
РЕФРАКТОР, дар астрономия, телескоперо номанд, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (Офтоб, ситораҳо ва ғайра) тавассути инкисори шуоъҳои рӯшноӣ дар объективи линзавӣ ҳосил мешавад (нигаред, нақша). Бори аввал Г. Галилей (1609) истифода бурдааст. Барои ҳосил кардани тасвироти хушсифат дар Рефрактор шишаҳои махсусро истифода мебаранд ва миқдори линзаҳоро зиёд мекунанд. Калонтарин …
Муфассал »